Чорабиниҳои факултети стоматологӣ барои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус COVID-19

Чорабиниҳои факултети стоматологӣ барои  пешгирии  паҳншавии  бемории коронавирус COVID-19
Санаи 30.03 соли 2020 бо ташабуси деканати факултети стоматологӣ бо иштироки мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва донишҷӯёни курси 5-уми факултет вохурӣ бо профессори бемориҳои сироятӣ д.и.т. Хоҷаева Нигина Муродовна дар “Толори ба номи Рахимов Я.А.” дар бораи безарар ва пешгирӣ намудани коронавирус COVID-19 лексияи пурмазмун баргузор гардид.
Хочаева Н.М. дар баромади худ оиди гирифторӣ ба ин беморӣ, ҳолати беморӣ, нишонаҳои беморӣ, инчунин тарзи пешгирӣ ва ёрии аввалин расонидан ба бемориҳои гирифтори вируси COVID-19 суханронӣ намуданд. Инчунин иброз доштанд, ки барои пешгирӣ намудани ин беморӣ дар ҷумҳурӣ ситоди махсус бо сарварии Сарвазир Қ. Расулзода ташкил шудааст ва тамоми шароитҳо муҳайё гаштааст. Роҳи асосии паҳншавии ин беморӣ аз инсон ба инсонаст.
Декани факултети стоматологӣ Қаландарзода Ё.Қ.
02.04.2020     760

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php