Силсилавохӯриҳои судманд бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва ВКД

Санаи 2 – юми марти соли равон садорати факултети фармасевтӣ, мудирон ва ҳайати омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ ва донишҷӯёни ҳамаи курсҳои факултет дар вохӯрӣ бо намояндагони раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Душанбе, ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ ва шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар толори бинои нав таъмири фармасевтӣ иштирок намуданд. Вохӯрии мазкур тибқи нақшаи кори якҷояи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва ВКД ҶТ дар доираи лоиҳаи “Хониши сиёсӣ” ки дар тамоми муассисаиҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор мегардад, ташкил ва гузаронида шуд.

Мақсади асосии вохӯрии мазкур пеш аз ҳама гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ дар байни ҷавонон – донишҷӯён ва бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва пешгирӣ намудани онҳо аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва экстримистӣ ба шумор меравад.

Дар вохурии мазкур намояндаи ШВКД дар н. И. Сомонии ш. Душанбе майёри милитсия Суфиев Ф., мутахассиси бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонони ш. Душанбе Раҳматова М., сардори Шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Шарипов Қ.О. баромад намуда, ҳозиринро барои дарки дастоварду пешравиҳо ва минбаъд барои саҳмгузорӣ дар гулгулшукуфоии Ватани азизамон ташвиқ намуданд. Ҳамчунин, оид ба саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври махсус қайд гардида, аз заҳматҳои шабонарӯзии Ҷаноби олӣ барои рушду нумӯи Тоҷикистони биҳиштосо ёдоварӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки баҳри мустаҳкамгардонии мавзӯи суҳбат бо донишҷӯён саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифт. Дар интиҳои пурсишу посух донишҷӯи курси 2–юм Сатторова Таиса баромад намуд. Ӯ аз номи худ ва дигар донишҷӯёни иштирокдошта ба баргузоркунандагони ҷамъомади мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуда, дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии кишварро аз ҷониби ҷавонон амри зарурию саривақтӣ арзёбӣ кард.

Дар охир, декани факултети фармасевтӣ н.и.т., дотсент Юлдашева У.П. баромад намуда, меҳмононро аз номи роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки ҳамаи мо бояд сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намоем, шукронаи неъмати сулҳу амонии Ватанро ба ҷо орем ва барои боз ҳам рушду инкишофи сарзамини биҳиштосоямон кӯшишу ғайрати бештар намоем.

Баъд аз гусел намудани меҳмонон, қисми 2–юми филми ҳуҷҷатии “ХИЁНАТ” ба донишҷӯён намоиш дода шуд. Баъд аз тамошои дастаҷамъонаи филм, бори дигар ба донишҷӯён тазакур дода шуд, ки ҳамеша эҳтиёткор бошанд, ба ваъдаҳои дурӯғу подарҳавои ҳар гуна шахсону гурӯҳҳои шубҳанок бовар накунанд ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Дар баробари аз даст надодани зиракии сиёсии худ, саҳми худро барои пешрафту тараққиёти бештари ин сарзамини куҳанбунёд гузоранд. 

Декани факултети фармаевтӣ н.и.т., дотсент  -  Юлдашева У.П.

Силсилавохӯриҳои судманд бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва ВКД
Силсилавохӯриҳои судманд бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва ВКД
05.03.2021     408

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php