Баргузории маҷлиси курсӣ бо донишҷӯёни хатмкунанда

Баргузории маҷлиси курсӣ бо донишҷӯёни хатмкунанда
20 – уми феврал садорати факултети фармасевтӣ бо донишҷӯён – хатмкунандагони курси 5 – уми факултети фармасевтӣ маҷлиси курсӣ баргузор намуд. Маҷлиси мазкур дар толори лексионии бинои кимиё гузаронида шуда, дар он декани факултет баромад намуда, оид ба тағйиротҳои воридшуда ба ҷараёни имтиҳонҳои аттестатсияи давлатии хатмкунӣ, ҳимояи корҳои дипломӣ, марҳилаҳои АДХ, тариқаҳои баҳогузорӣ дар рафти имтиҳонҳо ва ҷамъбасти баҳои ниҳоии имтиҳон, давомоти донишҷӯён, риояи ҳатмии қоидаҳои интизомӣ аз тарафи донишҷӯён ва дигар масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия дар факултет маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Зикр гардид, ки донишҷӯёни хатмкунанда бояд ба ҳамаи марҳилаҳои имтиҳонҳои АДХ ба пуррагӣ омода бошанд ва имтиҳонҳои худро бо сари баланд супорида, соҳиби дипломи Донишгоҳи тиббӣ гардида, саҳми худро дар рушду нумӯъи кишвари азизамон гузоранд.
Баъд аз анҷоми суханронии декани факултет, донишҷӯён ба саволҳои мавриди таваҷҷӯҳи худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Деканати факултети фармасевтӣ
21.02.2020     737

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php