“ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ҒАЛАБА ДАР КАФЕДРАИ ОТОРИНОЛАРИНГОЛОГИЯ”


“ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ҒАЛАБА ДАР КАФЕДРАИ ОТОРИНОЛАРИНГОЛОГИЯ”

Ҷашн гирифтани ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.

Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд.

Дар радифи ин, санаи 8-уми майи соли ҷорӣ дар кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ иди Ғалаба таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” таҷлил карда шуд. Дар маҳфил кормандони кафедра бо донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ иштирок намуданд. Маҳфилро мудири кафедра н.и.т., дотсент Аҳророва З.А. ҳусни оғоз бахшида, зикр доштанд, ки гиромидошти ин ҷашни бошукуҳ ҷиҳати ҷоннисориҳои гузаштагони халқи тоҷик қарзи шаҳрвандии ҳар як инсони соҳибмаърифат аст.

Дар рафти маҳфил донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 5-и факултети тиббӣ Уралбоев Турдиалӣ ба ҳозирин дар мавзӯи “79-умин солгарди Ҷашни Ғалаба” маърӯза ироа карданд.

Баъди итмоми маърӯза, аз ҷониби донишҷӯёни кафедра дар мавзӯи ватандӯстиву ватанпарварӣ, сулҳу субот, ҳуввияти миллӣ ва тараннуми Ватан назмҳо қироат карда шуд.

 

 

Шамсиддин Муродов – ассистенти тарбиявии кафедра


08.05.2024 375

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php