ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМУШ НАМЕШАВАД


ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМУШ НАМЕШАВАД

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш нашудааст. Расо 83 сол аст, ки ҳуҷуми Германияи фашисти ба ИҶШС Чанги Бузурги Ватанӣ яъне 22 июни соли 1941оғоз шуд, ки аз ҳама дарозтарин ҷанг дар таърихи башарият буд. Шаҳрвандони тамоми миллати Осиёи Миёна иштирок доштанд. Дар байни онҳо даҳҳо ҳазор фиристодагони Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд.

         Халқи тоҷик аз рузҳои аввали ҷанг, мисли дигар халқҳои иттиҳоди Шӯравӣ, тамоми хатари ба сари ватан омадаро дарк намуд. Ба комиссиариатҳои ҳарбии Тоҷикистон аризаҳои довталабон ҷиҳати ба сафҳои Артиши Сурх пайваста ворид мешуданд. Соли 1941 ба комиссиариати ҳарбӣ бобои ман низ Ашуров Ахмед рафта буд. Ӯ зодаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб мебошад. Ӯ дар ҳамун солҳо дар мактабинтернати ноҳияи октябр таҳсил мекард ва забони немисиро хуб омӯхта буд ва мехост, ки дар гурӯҳи разведкачиён партоянд барои донистани забони немисӣ. Аммо уро рад намудаанд бо сабаби хурд будани синну солаш. Вале ӯ ба ин нигоҳ накарда синну солашро 2 сол калон мекунад ва пас аз 8 моҳ боз дубора ба комиссиарияти ҳарбӣ муроҷиат менамояд. Ӯро қабул мекунанд ва бо хости худаш ба гурӯҳи разведкачиён қабул карда тайёр мекунанд ва сентябри соли 1942 ба фронт равон мекунанд. Аз соли 1942 то соли 1945 ӯ дар гӯрӯҳи разведкачиён фаъолна мубориза мебарад. Бори аввал ӯро бо рафиқаш Генадий Андреевич бо тариқи парашут ба тили фашистон мепартоянд, ки дар онҷо матациклҳои немисон қарор доштаан, онҳоро мусодира карда мекафонанд, ва яке аз мотациклҳо омада дар дарахте мезанад, ки дар дохилаш капитани фашистон буд. Ӯро дастгир мекунанд, ки дар дасташ ҷуздоне буд ва дар дохилаш қоғазҳои махфи ва хоритае буд, ки дар он ҷойҳои ҳамла дар харита қайд карда буд. Бобоям бо рафиқаш ин фашистро ба штаб мебаранд. Ба Маскав бо тарики шифраграмма хабар медиҳанд, ки ҷуздонеро мусодира кардаанд. Ин ҷуздонро ба Маскав равона мекунанд. Ва аз Маскав фармон додамешавад, ки шахсоне ин ҷуздонро пайдокардаанд бояд ба Маскав барои мукофотонидан равон карда шаванд. Бобои ман бо рафиқаш ба Маскав мераванд, ва онҳоро худи сарфармондеҳи олӣ ҷаноби Сталин воқеан бо ордени сурхи ситора қаҳрамонона сарфароз мекунад. Бад аз Маскав баргаштанашон дар роҳ ба онҳо немисо ҳуҷум мекунанд ва ӯ дар сараш тир мехурад ва захмдор мешавад. Ду моҳ дар госпетал бистари мешавад. Ва бори дуввум ҳангоми ҳуҷум кардан ба Куртская дуга дар дастонаш тир мехурад ва се чилики уро мебуранд. Пас аз анҷом ёфтани ҷанг у қариб 4 моҳи дигар дар госпетал хоб меравад. Ва барои ҷасурона ҷангиданаш у бо якчанд орден мукофотонида мешавад: ордени сурхи ситора, ордени шуҳрат, ордени сурхи байрақ, ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ, медалҳо барои хизматҳои ҳарбӣ, орден барои гирифтани Берлин, 18 грамматаи сарфармондеҳи олӣ мукофотонида мешавад. Хар сол 9-май иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватаниро барои ҷашн гирифтани «Иди ғалаба» ва гузаштани парад ба Маскав даъват менамоянд.

         Сентябри соли 1945 Ашуров Ахмед ба ватан бармегардад ва бо фармони Турсун Улҷабоев, ки якум котиби ЦК буд уро бо тантана пешвоз мегиранд. Ва пас аз баргаштан аз фронт фаъолияти кориашро аз мактаб оғоз мекунаб ва дар мактаби Чорбоғи ноҳияи варзоб дар ҳайси муаллими забони немиси кор мекунад. Аз инҷо фаъолияти кории бобоям сар мешавад:

Фаъолияти кории Ашуров Ахмед.

Соли 1947 -1957 зав отдели прапагандаи ҶТ.

Соли 1957-1962 Раиси Раиспалкоми Камсамолобод.

Соли 1962-1972 Назоратии Халқии райони Октябрь.

Соли 1972-1984 Назорати Халқии ЦК-и республика.

           


08.05.2024 405

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php