ДАРСИ ТАРБИЯВӢ БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА


ДАРСИ ТАРБИЯВӢ БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

     Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд,ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар айён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намуданд ва барои қадрдони онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9- май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна саннаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Бо ҳамин мисл ба муносибати Рӯзи Ғалаба бо иштироки донишҷӯёни куратори грӯҳи 58 курси якуми тиббӣ дар кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ ба номи Я.А.Раҳимов чорабинии тарбиявӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии зикргардида атрофи корнамоиҳои халқи тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маърузаҳо ироа гардида, шеърҳо дар васфи Ватан, сулҳ ва якдигарфаҳмӣ қироат гардиданд.

 

Куратори гурӯҳ:                                             Ҷумъаева Г.С.


08.05.2024 401

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php