САҲМИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ БАРОИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ


САҲМИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ  ТИБ БАРОИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Рӯзҳои 6-8-уми майи соли 2024 дар кафедраи забони русии Муассисаи давлатии таълимии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино конфронсҳои таълимию амалии донишҷӯён бахшида ба 79-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ баргузор гардиданд.

Дар оғози конфронс сухани ифтитоҳӣ ба мудири кафедраи забони русӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор У.Р.Юлдошев дода шуд, дар суханрониҳои худ қайд намуд, ки имрӯз дар остонаи 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, мо на танхо корнамоии халқи оддӣ, балки корнамоии бузурги духтуронро низ бо эҳтироми амиқ ёдоварӣ карда, хизмати бузурги коркунони тиб, хамширахои шафкат, кормандони донишгоҳи тиббиро, ки дар роҳи наҷоти одамон ва ғалаба ҷони худро дареғ надоштаанд, қайд мекунем, ки барои он мо миннатдории бузурги инсонӣ ва миннатдорӣ баён мекунем.

Дотсенти кафедра М.Р. Назарова, муаллимони калон С.А. Ҳотамова, М.А. Холматова, омӯзгорон Камолова Р.Р., Шарипова З.И., Д.Х. Султонова дар баромадҳои худ қайд намуданд, ки Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон яке аз фоҷиабортарин давраҳои асри гузашта маҳсуб мешавад. Дар он айёми сахту сангин беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони,ки соҳиби рӯҳияи тавоно мебошад ба ҷанг сафарбар шудаанд, яъне 20 дарсади аҳолии Тоҷикистон, ки 100 ҳазор нафари онҳо дар набардҳои хунин ҷони худро аз даст додаанд.

Дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон дар баробари вазифаи асосии тарбияи донишҷӯён дар назди коллективи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино вазифа меистод, ки фронтро бо кадрҳои тиббӣ таъмин намояд. Аз коллективи хурди педагогӣ бисёр одамон ба сафи армияи фаъол даъват шуда, ба фронт фиристода шуданд: А. Азизов, З.П. Хоҷаев, К.Т. Тоҷиев, А Ғаибов, А. Пӯлотов, С.И. Раҳимов, Л. Сутулов, В.К. Ҳамидов, М. Марченко ва дигарон, ки дар он солҳои вазнини ҷанг ҷонги худро дареғ надошта, ярадоронро аз майдони ҷанг наҷот дода, аз зери оташи марговар меброварданд.

Дар байни онхое, ки бо ғалаба ба Ватан баргаштанд бисёриҳо, ба шарофати меҳнати фидокоронаи духтурони харбӣ ва гражданӣ зинда монданд.

Оқибатҳои хеле талху фоҷиабори Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ҳамеша башариятро ҳушдор медиҳанд, ки пойдории сулҳу субот, зиндагии ором, ҳамкорӣ ва муносибатҳои созандаи байни халқу давлатҳо неъмати бебаҳои ҳаёт барои ҳар як инсон аст...

 

С.А. Ҳотамова, Р.Р.Камолова, Д.Х.Султонова - омӯзгорони кафедраи забони русии Муассисаи давлатии таълимии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино.


08.05.2024 389

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php