Корнамоиҳои фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ


Корнамоиҳои фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бахшида ба рӯзи 79-умин солгарди Ғалабаи халқи Иттифоқи Советӣ бар фашизми Германия, дар кафедраи тибби ҳарбии Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» санаи 08.05 соли 2024 чорабинии идона бо иштироки афсар-омӯзгорон ва донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ гузаронида шуд. Чорабинии мазкурро муовини сардори кафедра полковники х/т Салимов Ҷ.С. ҳусни ифтитоҳ намуда, ҳамзамон тамоми иштирокчиёни чорабиниро бо рӯзи Ғалаба бар фашизм табрику муборакбод намуд. Сипас сухан ба иштирокчии ҷанги Афғонистон полковники х/т Норов Х.Қ. дода шуд, ки оид ба корнамоиҳои иштирокчиёни ҶБВ мухтасар маълумот дод. Ҳамзамон дар чорабинии мазкур донишҷӯ-духтарони курси 4-ум, гурӯҳи 34 Халимова Муфарра ва гурӯҳи 39 Юлдошева Солиҳа бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ оиди корнамоиҳои падарону модарон дар рафти амалиётҳои ҷангӣ ва нисбати Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз ҶТ дар ҶБВ маълумотҳои муфассал доданд.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш сухан ба собиқадори ҷангу меҳнат п-ки х/т Ҷураев С.Р. дода шуд, ки номбурда бо далелҳои мушаххас иштироки фиристодагони ҶТ-ро дар муҳорибаҳои ҶБВ муфассалтар ёдовар шуданд.

Дар доираи чорабинӣ масъули корҳои сиёсии кафедра полковники х/т Расулов М.Н. баромад намуда ҳозиринро бо иди Ғалаба бар фашизм табрик намуда оид ба тинҷиву оромӣ ва сулҳу амният дар кишвар, инчунин барои садоқат ба Ватани азизамон ва аз даст надодани ҳушёриву зиракӣ дар байни ҷавонон суханҳои пурмуҳтаво намуданд.      

 


08.05.2024 396

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php