9 май – Рӯзи Ғалабa


9 май – Рӯзи Ғалабa

9 май — ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) эълон гардида, дар ҶумҳурииТоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 фарзандони халқи тоҷик дар қатори намояндагони дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шўравӣ бар зидди Германияи фашистӣ ҷон бозиҳо намуда, садҳо нафари онҳо дар майдони ҷанг ҳалок шудаанд. Воқеан, ҳеҷ касс ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!

Корнамоиву қаҳрамониҳои собиқадорону иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик пайваста қадрдонӣ карда мешаванд. Паради ҳарбие, ки санаи 9-уми май дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргузор мегардад, на танҳо бахшида ба Рўзи Ғалаба бар фашизм доир карда мешавад, балки ҳамзамон ифодагари посдоштани хотираи неки қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст.Танҳо азТоҷикистон дар солҳои ҷанг беш аз 300 ҳазор нафар фиристода шуда, даҳҳо ҳазор дар майдони набард баҳри дифои Ватан ҷон фидо кардаанд. 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг ба унвони олӣ — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд. 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Иди Ғалабаи бузург дар ҶБВ собитгари иттиҳоду ҳамбастагии халқҳои дӯсту бародар, хизматҳои беназиру таърихӣ, пирӯзии нерӯҳои солиму озодихоҳ бар қувваҳои истилогари фашистӣ мебошад.

Башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсўз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳон аз рўи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамалакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Солҳои 1941-1945 Ҷанги Бузурги Ватании Иттиҳоди Шӯравӣ бо Германияи фашистӣ гузаштааст. Халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри дифои Ватани азиз бар зиди истилогарони немис бархостанд.

 

79-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба муборак!

 

Устобоева Нодира Холмуродовна

муалимаи калони кафедраи биохимия


08.05.2024 418

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php