Баргузории семинар-тренинги омӯзишӣ барои хатмкунандагони факултаи фарматсевтӣ


Баргузории семинар-тренинги омӯзишӣ барои хатмкунандагони факултаи фарматсевтӣ

Рӯзи 24.04.2024 дар бахши иттилоотӣ оид ба маводи дорувории Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» семинар-тренинги омӯзишӣ барои донишҷӯёни курси 5-ми факултети фарматсевтӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи дониши хатмкунандагон ва пешниҳод намудани иттилооти амиқу эътимоднок ва аз ҷиҳати илмӣ собитшуда мебошад.

Дар рафти семинар ба иштирокчиён оид ба таснифи маводи доруворӣ аз рӯи системаи байналмиллалӣ- Таснифоти анатомӣ-терапевтӣ ва химиявӣ (АТС - Anatomical, Therapeutic, Chemical Classification Index) ва дигар масъалаҳои муҳим оиди маводҳои доругӣ маълумотҳои муҳим пешниҳод карда шуд.

Семинар–тренинги мазкур бо усулҳои муосири таълимӣ ва интерактивӣ гузаронида шуда, дар рафти он ҳамаи иштирокчиён ба таври фаъолона ширкат намуданд. Дар қисмати мубоҳисавии семинар бо иштирокчиён баҳсу баррасиҳо ба таври шавқовар гузаронида шуда, онҳо аз баррасии саволҳои ба миён гузошташуда ва посухи онҳо хеле ҳам қаноатманд гаштанд.

Дар анҷоми семинар–тренинг ба ҳар як иштирокчӣ маводҳои иттилоотӣ ва барномавӣ тақдим карда шуд ва иштирокчиён бошанд дар навбати худ фикру ақида ва мулоҳизаҳои худро барои боз ҳам беҳтар гузаронидани чунин тренингҳои омӯзишӣ баён намуданд.

   

Бахши иттилоотӣ оид ба маводи дорувории МТИИ «Фарматсия»


27.04.2024 405

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php