Иштироки кормандони илмии МД “Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ”-и МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” дар Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон


   Иштироки кормандони илмии МД “Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ”-и МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” дар Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон

Асри XXI давраи босуръати илму техника ва техналогия, зуҳури самтҳои нави илм дар маҷмӯъ таҳавулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, сатҳи омӯзиш ва дар амал татбиқ кардани онҳо дар навбати аввал аз кору фаъолияти устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсили хубу босифати ҷавонон вобаста аст. Дар чунин шароит талабот ба фарогирии маърифату дониш торафт ҷиддӣ гардида, илм рӯз ба рӯз ба манбаи арзишманд ва пурқиммати башар табдил меёбад. Гузашта аз ин, дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои пешрафти ҷомеа аҳамияти торафт афзоянда пайдо карда истодааст. Ба ҳамин хотир бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва “Стратегияи рушди инноватсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020” таҳия ва қабул гардид. Дар ин замина бояд қайд намоем, ки санаи 25.04.24 кормандони илмии МД “Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ”-и ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино номзади илмҳои химия Самандарзода Н.Ю ва ходими илмӣ Холиқова О., дар Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон иштирок ва баромад намуданд.


27.04.2024 376

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php