ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ


ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ низоми давлатдориро танзиму таҳким бахшида, аз таҷрибаи ғанӣ, таърихию қадимии мардуми сарбаланди худ истифода бурда, фаъолиятро баҳри обод гардонидани ин сарзамин ва зиндагии орому осудаи мардум ба роҳ мондааст. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ мегузорад. Расму ойин ва анъанаҳои неки гузаштагонро эҳтиром, ҳифз ва гиромӣ дошта, талош меварзанд то онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Вобаста ба ин зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба миён омад. Дар ин самт нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» хеле назаррасанд ва натиҷаҳои дилхоҳро ба бор овардаанд.

Анъана ва ҷашну маросими миллӣ ҳамчун аркони муҳими таърихию фарҳанги миллат ба ҳисоб меравад. Ҷаҳонишавӣ боиси омехташавии арзишҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла, ҷашну маросими миллатҳо гардидааст ва дар ин масир халқҳои ҷаҳон талош менамоянд, ки ҷашну маросими миллии хешро дар шакли аслӣ ҳифз кунанд. Халқи тоҷик анъана ва ҷашну маросими аслии миллии худро ҳифз намуда, тақвият бахшида, дар замони соҳибистиқлолӣ бо асосҳои ҳуқуқию маъмурӣ мустаҳкам гардонид.

Мушоҳида ва таҳлили коршиносон нишон медод, ки солҳои қаблӣ дар баргузории ҷашну маросими шаҳрвандон унсурҳои бегона ба таъриху фарҳанги миллии халқи тоҷик дида мешуд. Бештари шаҳрвандон ҷашну маросимро бошукӯҳ ба роҳ монда, ба исрофкорӣ, харҷи аз ҳад зиёди пулию молӣ роҳ медоданд, ки ин амали онҳо ба ҷуз худнамоӣ ва худро дар ҷомеа аз дигарон боло ҳисобидану баланд гузоштан дигар чизе набуд. Ин амалашон дар аксари вақт боиси касодии буҷети оила, носозию нооромиҳо дар оила ва дар ин замина бад гаштан ва ё канда шудани муносибатҳои оилавӣ мегардид. Барои пешгирии чунин амалҳо зарурат пеш омад, ки дар мамлакат санади ҳуқуқие қабул карда шавад ва тамоми муносибатҳои соҳаро дар сатҳи қонун ба танзим дарорад. Баъди муҳокимарониҳои васеъ ва пешниҳодҳои бешумори шаҳрвандон 8 июни соли 2007 бо мақсад ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирӣ аз таассубу хурофот Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қабулу дар амал татбиқ намудани қонунгузорӣ вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявии шаҳрвандонро тақвият бахшида, бадин васила ҷиҳати таъмини зиндагии арзандаи шаҳрвандон пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Дастовардҳо ва натиҷаҳои амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти батанзимдарории ҷашну маросими шаҳрвандон дар чаҳорчӯбаи муайян хеле зиёд мебошанд. Татбиқи самараноки Қонуни мазкур боло бурдани маълумотнокии шаҳрвандонро тақозо менамояд.

Мутахассисон бар он назаранд, ки шаҳрвандон аз сабаби маълумоти кофӣ надоштан оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аксаран дар баргузории тӯйи домодию арӯсӣ бештар ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Тӯйи домодию арӯсӣ яке аз маъракаҳои бештар роиҷ дар байни аҳолӣ ба шумор меравад ва бояд дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шавад.

Асос ва заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ин дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал кардан ва таъмини волоияти қонун мебошад. Бо назардошти ин, тақозо мегардад, ки ҳар як нафар барои ҳимояи манфиатҳои қонунӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ дар амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошад.  

 

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректори Донишгоҳ


25.04.2024 276

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php