ШАРҲИ ҚОНУНГУЗОРИИ СОҲАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН


ШАРҲИ ҚОНУНГУЗОРИИ СОҲАИ ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеаву давлат ва қишри ояндасозу пешбарандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб мераванд. Ҷавонони Тоҷикистон номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванд аҳамияти зарурӣ дода мешавад. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба Истиқлоли комил расидан сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятнок муайян шуда, қонуну қарор, барномаву стратегия, консепсияҳо ва дар маҷмуъ, қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон қабулу марҳила ба марҳила амалӣ карда шуданд, ки ҳадафи онҳо ба таълими ҳаматарафа фаро гирифтани ҷавонон, роҳи васеъ кушодан ба фаъолияи самарабахши мутахассисони ҷавон, таъмини шароити арзандаи зисту истироҳат ва таҳсил барои насли ҷавон ва ҳарчи бештар ба кору фаъолияти мақсадноку ҳадафмандона тайёр намудани ҷавонони имрӯза мебошад. Имрӯз дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аввалин бор ҳамагӣ баъд аз шаш моҳи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, янъе, 13-уми марти соли 1992 ба тасвиб расид, ки заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд. Қонуни мазкур дар таҳрири нав аз 23 декабри соли 2021 қабул гардида, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян мекунад. Дар Қонуни мазкур «ҷавонон», «иттиҳоди ҷамъиятии ҷавонон», «оилаи ҷавон», «муассисаи (хадамоти) иҷтимоии ҷавонон», «воҳидҳои зерсохтории ҷавонон», «сиёсати давлатии ҷавонон» муқаррар гардида, шарҳ дода шудаанд, ки тибқи он «ҷавонон» - гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, яъне, шахсони аз 14 то 30-сола мебошанд. Зери мафҳуми «муассиса ва ё хадамоти иҷтимоии ҷавонон» шахси ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ки ҷавононро дастгирӣ намуда, ба онҳо хизмати иҷтимоию ҳуқуқӣ, маишӣ, тиббӣ, психологию омӯзишӣ, кӯмаки моддию молиявӣ мерасонад, мутобиқат ва тавонбахшии иҷтимоию психологии онҳоро таъмин мекунад, фаҳмида мешавад. Ба сохтори муассисаҳои иҷтимоии ҷавонон, инчунин, соҳибкорони инфиродӣ, ки ба хизматрасонии ҷавонон машғул мебошанд, дохил мешаванд.

«Сиёсати давлатии ҷавонон» системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ мебошад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон, бо мақсади таъмини таълиму тарбия, ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари иқтидори онҳо ба манфиати ҷамъият таҳия ва татбиқ мегардад. Ҳадаф аз таҳияву қабул ва таҳкими қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ин мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонии ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар, дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин, ташаббусҳои аҳамияти иҷтимоидоштаи онҳо мебошад. Сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии давлат ба ҳисоб рафта, дар меҳвари он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли худогоҳу худшинос, соҳибмаърифату ватандӯст ҷой дорад.

Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.  Ҳамин аст, ки имрӯз саҳм ва нақши ҷавонон дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегардад ва сиёсати давлатии ҷавонон дастгирӣ ёфта, корномаҳои ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим назаррас мебошанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд». Дар Тоҷикистони ҳуқуқбунёд ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда шудааст. Ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, яке аз омилҳои асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи наслҳои нав бояд ба таври ногусастанӣ ба вазифаҳои ҳифз, рушд ва эҳёи кишвар алоқаманд бошанд. Бо назардошти ҳамин ҳадаф дар мамлакат Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2020 татбиқ гардид ва ҳамзамон дар Тоҷикистон Стратегияи давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки фарогири 60 банд мебошаду дар давраи мазкур бояд татбиқ карда шавад, мавриди амал қарор дорад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар асри бистуяк пешрафт ва боигарии кишварҳоро на аз рӯи шумораи аҳолӣ ва захираву сарватҳои табиӣ, балки аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огоҳиву дастрасӣ доштани аҳолӣ ба техникаву технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки онҳо муайян менамоянд. Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат яке аз шартҳои асосии рушди кишвар ба ҳисоб рафта, бо доназдошти ҳамин мақсадҳо роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо имконият фароҳам меоранд. Пас, наврасону ҷавононро мебояд, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. Ҷалби ҷавонон ба омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳёву шинохти арзишҳо ва манфиатҳои миллию давлатӣ аз таваҷҷӯҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар ҳанӯз 23.05.2013 қайд намуда буданд, ки: «Мо иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаем».

Нақши ҷавонони сарбаланди тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо, хоса, таҳкими арзишҳои олии Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи суботу оромӣ ва ҳимояи марзу буми давлатӣ муҳим арзоёбӣ мегардад. Истиқлоли давлатӣ ҳамон вақт устувору пойдор мегардад, ки ҳар як фарди ҷомеа, махсусан, ҷавонон ба қадри он расанд ва ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморанд. Дар шароити торафт шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ самимона дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатӣ ва ба хотири ҳифзу густариши онҳо саъю талош кардан, инчунин, оштинопазир будан бо ақидаҳои бегонапарастӣ андешаи миллиро ба вуҷуд меорад. Барои ташаккул додани мафкураи миллӣ дар вуҷуди ҷавонон, шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва дар рӯҳияи ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва намудҳои дигари ҷинояткорӣ тарбия намудани ҷавонон, бадин васила пешгирӣ намудани моилгардонии ҷавонон ба андешаву ҳадафҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз масъулини сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулияти бештар дар ҳамоҳангӣ тақозо мегардад. Андешаи миллӣ раванди инкишофи ҷаҳонбинии афроди миллатро тақвият бахшида, ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят месозад.

Дар замони муосир дар рушду инкишофи давлат ҷавонон нақши муҳим доранд ва умеду такягоҳи давлату миллатанд. Бо назардошти ин, ҷавононро зарур аст, ки пайваста ба омӯзиш, такмили донишу маърифати ҳуқуқии худ машғул шаванд. Зимнан, қайд намудан ба маврид аст, ки яке аз омили асосии содиршавии ҷиноятҳо бо сабаби паст будани маърифати ҳуқуқӣ вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикстон барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ҷавобгариҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тавр, ҳимоя давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама, ба зиммаи ҷавонони баору ғаюр ва далеру шуҷои Ватан вогузор шудааст. Ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст доранд, ба қадраш расанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Ҷавонон муҳофизони Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва такягоҳи асосию боэътимоди давлату миллат мебошанд. 

 

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 


25.04.2024 261

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php