ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД


ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 25-уми апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати ректори Донишгоҳ,. Раиси Шӯрои олимон, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода М.Қ . ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳ доир гардид.

Дар кори Шӯро масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

1.               Пешниҳоди комиссияи тахассусӣ оид ба додани унвони илмии профессор ба    Додхоев Ҷамшед Саидбобоевич - профессори кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 ба номи профессор Аминов Х.Ҷ.

Раиси комиссияи квалификатсионӣ – муовини ректор оид ба илм ва нашрия д.и.т., профессор Муҳаббатзода Ҷ.Қ.

· Пешниҳоди комиссияи тахассусӣ оид ба додани унвони илмии дотсент ба Махкамова Биҳамида Ҳусейновна - мудири кафедраи ташхиси клиникии озмоишгоҳӣ

Раиси комиссияи квалификатсионӣ – муовини ректор оид корҳои муолиҷавӣ н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К.

· Пешниҳоди комиссияи тахассусӣ оид ба додани унвони илмии дотсент ба Расулов Нематулло Исломиддинович - дотсенти кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ ба номи профессор Каримов М.К.

Раиси комиссияи квалификатсионӣ – муовини ректор оид корҳои муолиҷавӣ н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К.

 

· Пешниҳоди комиссияи тахассусӣ оид ба додани унвони илмии дотсент ба Баротов Хасан Хакимович - дотсенти кафедраи ҷарроҳии умумии №2

Раиси комиссияи квалификатсионӣ – муовини ректор оид ба илм ва нашрия д.и.т., профессор Муҳаббатзода Ҷ.Қ.

· Пешниҳоди комиссияи тахассусӣ оид ба додани унвони илмии дотсент ба Каримова Гулбаҳор Насибовна - мудири кафедраи таълими асосҳои бемориҳои дарунӣ

Раиси комиссияи квалификатсионӣ – муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К.

 

2.               Ҳисоботи мудири кафедраи биология бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н.Б. оид ба корҳои таълимӣ, методӣ, тарбиявӣ ва илмӣ аз давраи интихоб шудан ба вазифа.

Мудири кафедра - д.и.б., дотсент Холбекиён М.Ё.

Ҳаммаърӯзачӣ - мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ н.и.п., дотсент Сафаров Б.Б.

3.               Ҳисобот оид ба натиҷаи сессияи имти­ҳонии зимистонаи соли таҳсили 2023-2024.

Муовини ректор оид ба корҳои таълимию методӣ - д.и.т., профессор Ибодзода С.Т.

4.     Масъалаҳои гунонун:

·   оид ба сарфароз намудани ректори Муассисаи давлатии буҷетии федералии таҳсилоти олии касбӣ "Донишгоҳи тиббии тадқиқотии Приволжск” д.и.т., дотсент Карякин Николай Николаевич ба унвони профессори фахрии донишгоҳ

·   оид ба сарфароз намудани ректори Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанд”-и ҶУз, узви пайвастаи Академияи илмҳои байналмилалии экология ва беҳатарии одам ва табиат, д.и.т., профессор Ризаев Жасур Алимджанович ба унвони профессори фахрии донишгоҳ

·     тасдиқ намудани мавзӯи рисолаи докторӣ ва мушовири илмии унвонҷӯи дараҷаи илмии доктории кафедраи урология ба номи профессор Осимӣ А.С. - н.и.т., дотсент Ризоев Хайриддин Хайруллоевич

·     тасдиқ намудани мавзӯи рисолаи докторӣ ва мушовири илмии унвонҷӯи дараҷаи илмии доктории кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ - н.и.таърих Абдураҳмонов Зевар Вафоназарович

·     оид ба масъалаи ба талабот мутобиқ кунонидани номи фанни таълимии         “Беҳдошти иҷтимоӣ ва нигаҳдории тандурустӣ”-и кафедраи НТҶ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб

·     оид ба пешниҳод намудани номзадии Бахтиёрова Н.Б. ва Сафаров Б.И. барои иштирок намудан дар озмуни “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ” дар соли 2024

·          иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар кафедраҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии Донишгоҳ:

1)      аз 30 июли соли 2020, №427 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”;

2)      аз 30 апрели соли 2021, №165 “Дар бораи Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030”;

3)      аз 30 апрели соли 2021, №170 “Дар бораи Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025”;

4)      аз 30 апрели соли 2021 “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025”.

         Таҳияи Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ оид ба ҳар як қарор ва таъмини иҷрои онҳо.

·          оид ба дар ҳамаи кафедраҳо баргузор намудани конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар бо ҷалби омӯзгорон, олимони ҷавон, унвонҷӯён, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), магистрантон, донишҷӯён доир ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардидааст ва ҳар моҳ пешниҳоди маълумоти муфассал доир ба корҳои иҷрошуда ба ректори Донишгоҳ ва Сомонаи Донишгоҳ тариқи хаттӣ ва электронӣ бо аксҳо аз ҷониби ҳамаи кафедраҳои Донишгоҳ

·          оид ба супоридани дипломҳои ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон

 

Вобаста ба ҳар як масъалаи баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


sh-roi-olimoni-donishgo-barguzor-gardid20247
6
sh-roi-olimoni-donishgo-barguzor-gardid20245
3
2
1
25.04.2024 161

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php