ИҚДОМИ НЕКБИНОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Яъне, барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ, аз қабили низоми соддакардашудаи дарёфти раводид, бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, сохтмони меҳмонхонаҳои замонавӣ, инчунин озод намудан аз пардохти андозу гумрук барои касоне, ки масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ ворид менамоянд, андешида шудаанд.
Ҳанӯз чанд сол қабл Сарвари давлат бо рисолати дурандешии азалии худ барои ривоҷӣ ҳунарҳои мардумӣ дар ҳама минтақаҳо ба масъулин супоришҳо дода буданд. Самараи ҳамин буд, ки имрӯз дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳунарҳои мардумии қадимӣ аз нав эҳё карда шуда, истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти ин соҳа ба таври густурда ба роҳ монда шудааст.
Дар идомаи ин иқдом бо мақсади рушди бештари соҳа аз ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.
Дар дунё кам нестанд кишварҳое, ки бо рушди ин ду соҳа иқтисодиёташон пеш рафта, сатҳи зиндагии мардумро беҳбуд бахшидаанд. Аз қабили Туркия, Миср, Фаронса, Индонезия, Филиппин, Юнон ва дигар кишварҳо.
Тоҷикистони бо табиати биҳиштосо, манзараҳои дилрабо, боду ҳавои мусоид ва аз ҳама муҳим, оромию осудагӣ ва мардуми меҳмондӯсту соҳибтамаддун сол ба сол сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Ташрифи сайёҳони хориҷӣ ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ ба манфиат аст. Зеро, агар аз як ҷониб бо рушди соҳа ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, ба ин васила даромади аҳолӣ зиёд шавад, аз ҷониби дигар мавқеи кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад.
Соҳаҳои сайёҳӣ ва фарҳанги мардумӣ ба ҳамдигар алоқаманданд. Вақте сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо ташриф меоранд, баробари боздид аз ҷойҳои таърихӣ ва осоишӣ, инчунин аз ҳунарҳои мардумӣ огоҳӣ пайдо карда, армуғоне аз ин ҳунарҳоро харидорӣ менамоянд ва ба ин васила Тоҷикистонро дар кишвари худ тарғиб менамоянд.
Бо истифода аз тараққиёти бесобиқаи илму техника имрӯз метавон ин соҳаҳоро боз ҳам рушди бештар бахшид. Яъне, метавон бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ, телевизион ва дигар воситаҳои муосири муошират тарғиби манзараҳо ва табиати нотакрор, шароити мусоиди фароҳамовардашударо дар ин самт барои ҷаҳониён тарғиб намуд. Албатта ҳанӯз ҳама имкониятҳо барои рушди соҳа фароҳам наомадаанд. Бо дарназардошти ин, Сарвари давлат ҷиҳати рушди бештари соҳа қайд намуданд, ки: «Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад».
Барои амалӣ шудани ин иқдомҳои наҷиб ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зурур аст, ки пеш аз ҳама ин сарзаминро чун Модар дӯст дорад ва барои ободиву ҳифзу нигоҳдории неъматҳои бебаҳои он саҳмгузор бошад.
26.09.2018
577