Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

15.02.2018

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ, ИЛМӢ ВА ИСТЕҲСОЛИИ «ФАРМАТСИЯ» ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ


Субҳи 19-уми августи соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа, муовини авали вазири тандурустӣ Саида Ғайрат, шоири маъруфи тоҷик Гулназар ва дигар меҳмонони олиқадр бахшида ба зодрӯзи Пири Ҳакимони Машриқзамин ва Рӯзи Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» ифтитоҳ гардид.

Маркази мазкур дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Соли ҷавонон» ва татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназарошти талаботи соҳаи дорусозии кишвар бунёд гардидааст. Қобили зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 22.06.2017 ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати кам кардани воридшавии маводи дорувории пастсифат ва аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ омода кардани маводи доруворӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» дорои ҳуҷраҳои барҳавои фитобар, коркарди рустаниҳои шифоӣ, қадоқкунӣ, таҳлили кимиёвии маводи доруворӣ, истеҳсоли оби муқаттар ва ғайра мебошад. Марказ барои тайёр кардани муттахассисони соҳаи дорусозӣ, ба онҳо омӯзонидани нозукиҳои ин касб, аснои омода кардани маводи доруворӣ истифода кардани ашёи хоми ватанӣ ва ба роҳ мондани тадқиқотҳои илмӣ - амалӣ пешбинӣ шудааст.


Шуъбаи таҳлил,
назорат ва робита бо ҷомеа


Возврат к списку