Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

20.11.2017

Маҷмааи нави таълимии ДДТТ


Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади беҳтару хубтар  гардонидани шароити донишандӯзии донишҷӯён ва шароити кории устодон азнавсозии бинои сохтмонаш нотамоми воқеъ дар шаҳраки Шифобахшро ба анҷом расонида, дарт оғози соли нави таҳсил мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маросими ифтитоҳи Маҷмааи нави таълимии воқеъ дар шаҳраки «Шифобахш» бо иштироки меҳмонони олиқадр- сарвазири ҷумҳурӣ муҳтарам Қоҳир Расулзода, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Олимзода Н.Х. ва дигарон рӯзи 29.08.2017 баргузор гардид.

Маҷмааи нави таълимии воқеъ дар шаҳраки «Шифобахш» аз блоки А ва Б иборат буда, блоки А дорои 5 ошёна мебошад.
Дар ошёнаи якум китобхонаи донишгоҳ ҷойгир буда, аз 1 толори ҷойгиркунии китобҳо, 13 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои нигоҳдории китобҳо иборат аст. Фонди китобхонаи илмии донишгоҳ айни замон 757 669 нусхаро  ташкил медиҳад. Ғунҷоиши он дар бинои нави таълимӣ ба зиёда аз 900 ҳазор нусха расонида шудааст. Дар даромадгоҳи китобхона 3 монитор насб карда шудааст.
Ошёнаи дуюм аз 1 толори китобхонаи электронӣ бо 90 ҷои нишаст ва 90 компютер, 1 толори хурди хониш (лексионӣ) бо 170 ҷои нишаст ва 100 компютер, 9 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо компютер ва 1 ҳуҷраи  назорати камераҳои мушоҳидавӣ  бо зиёда аз 80 камераи назорат, 1 ҳуҷраи МЕДИАТЕКА бо 12 компютер ва 1 тахтаи электронӣ, 1 адад проектор  иборат мебошад. Дар маҷмӯъ китобхонаи илмӣ дорои 215 компютер, 1 тахтаи электронӣ, 1 адад проектор мебошад.
Дар ошёнаи сеюм кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ воқеъ буда, аз 8 ҳуҷраи дарсӣ, 3 ҳуҷраи кории устодон, 1 ҳуҷраи мудири кафедра, 1 ҳуҷра - озмоишгоҳ ва 1 толори хониш, дар маҷмӯъ аз 310 ҷои нишаст иборат мебошад. Дар 5 ҳуҷраи фаннии информатика 80 адад компютер мавҷуд аст. Кафедраи мазкур инчунин бо 5 адад мултимедиа, 5 адад тахтаи электронӣ, 1 адад ЭКГ, 1 адад кардиостимулятор, 1 адад УВЧ ва дигар таҷҳизоти зарурии таълимӣ таҷҳизотонида шудааст.
Дар ҳамин ошёна Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ аз 1 ҳуҷраи акушерӣ-генекологӣ бо 40 ҷои нишаст, 8 маникену муляж ва 1 адад курсии гинекологӣ; 1 ҳуҷраи кори ҳамширагӣ бо 20 ҷои нишаст,11 муляж, 1 симулятор, 6 танометр ва дигар таҷҳизоти зарурӣ, 1 ҳуҷраи бемориҳои кӯдакон бо 40 ҷои нишаст, 3 адад муляжи калон, 9 маникену муляж, 1 адад симулятори майда, 1 тахтаи электрониву проектор ва дигар таҷҳизоти зарурӣ, 1 ҳуҷраи реаниматсия бо 20 ҷои нишаст, 7 маникену муляж бо қисмҳои эҳтиётӣ, 1 ҳуҷраи анатомия ва мултимедия бо 20 ҷои нишаст ва як адад телевизион ва 1 ҳуҷраи бемориҳои дарунӣ бо 40 ҷои нишаст, 4 симулятор, 1 маникен, 1 ЭКГ, 2 танометр, 1 компютер, 1 тахтаи электронӣ, иборат мебошад.


 Дар ошёнаи чорум кафедраи биологияи тиббӣ ва асосҳои генетика ҷойгир буда, аз 10 ҳуҷраи дарсӣ бо 250 ҷои нишаст, 2 ҳуҷраи устодон, 1 ҳуҷраи мудири кафедра ва 1 толори хониш (лексионӣ) бо 220 ҷои нишаст иборат мебошад. Дар маҷмӯъ кафедра дорои 470 ҷои нишаст, 5 адад компютер, 1 адад тахтаи электронӣ ва 11 микроскоп аст.
Дар ошёнаи панҷум Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ҷойгир буда, аз 3 ҳуҷраи амалияи ҷарроҳӣ бо 60 ҷои нишаст, мизи ҷарроҳӣ, миз барои асбобҳо,  2 адад лампаи ҷарроҳӣ, 1 адад маникен, 3 –то бикс ва асбобҳои ҷарроҳӣ, 1 ҳуҷраи пеш аз амалиёти ҷарроҳӣ муҷаҳҳаз бо 2 адад бикс, либосҳои ҷарроҳӣ, маводи духт, захмбандӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ; 1 ҳуҷраи шикастабандӣ бо 20 ҷои нишаст,  шинаҳо, устухонҳо, эндопротез, гаҷ, маводи бандинаҳо ва ғ., 1 ҳуҷраи бемориҳои чашм бо 20 ҷои нишаст, маникену муляж, 20 офтолмоскоп,  1 ҳуҷраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ бо 20 ҷои нишаст, 10 маникену муляж, 4 маҷмӯи асбобҳо барои ташхис, 5 адад отоскоп, 3 адад риноскоп, 1 ҳуҷраи стоматология бо 20 ҷои нишаст, 1 адад курсии стоматолгӣ бо таҷҳизоташ, 10 маникени ҷоғ, 10 маникени дандонҳо, 1 миз барои асбобҳо, 1 ҳуҷраи малакаҳои муошират бо 20 ҷои нишаст, 5 адад кушетка, 6 танометр ва дигар таҷҳизоти зарурӣ; 1 толори хониш (лексионӣ) бо 250 ҷои нишаст ва 12 ҳуҷраи хурди ёрирасони  нигоҳдории  маводҳои таълимӣ ва хоҷагӣ  иборат мебошад.
Дар блоки Б боғи зимистона ва кафедраи забонҳои хориҷӣ ва лотинӣ иборат аз 10 ҳуҷраи дарсӣ (аз ҷумла ду ҳуҷраи дарсии линогофонӣ) бо 250 ҷои нишаст, 1 ҳуҷраи мудири кафедра, 1 ҳуҷраи кории устодон ва 2 ҳуҷраи нигоҳдории маводҳои таълимӣ ва хоҷагӣ ҷойгир мебошанд. Дар  кафедра 38 адад компютер ва 2 адад телевизион мавҷуд аст.
Ҳамин тавр, маҷмааи мазкур дорои 79 ҳуҷраҳои дарсиву корӣ, 5 толори хурду калони муҷаҳҳаз бо 345 адад компютер, тахтаҳои электронӣ, бештар аз 80 адад камераҳои назоратӣ, мизу курсиҳои наву ҳозиразамон, монитору баннерҳои фанниву умумӣ, муляжу маникен,  таҷҳизоти симулятмионӣ аст ва дар маҷмӯъ 1 920 ҷои нишаст дорад.
    Масоҳати лоиҳавии маҷмааи мазкур 9 400 м2 буда, аз ин 2 534 м2 майдони сохтмон, 6 156 м2 масоҳати таълимӣ ва 2 680 м2 майдони гулгаштро ташкил медиҳад.


Лоиҳаи маҷмааи мазкур аз ҷониби ҶДММ “Аҳмадҷон- Ҳулбук” таҳия шуда, аз моҳи декабри соли 2015 то моҳи марти соли 2016 пудратчӣ ҶДММ “Солеҳ ва компания” ба миқдори 1 927 754 сомонӣ корҳои сохтмониро ба иҷро расонида, аз моҳи марти соли 2016 то моҳи декабри соли 2016 пудратчӣ КВД “Академстрой” ба маблағи 8 015 620 сомонӣ корҳои сохтмониро иҷро намудааст. Аз моҳи январи соли 2017 то имрӯз пудратчӣ ҶДММ “Ваханд” ба маблағи 7 056 736 сомонӣ корҳои сохтмониро ба иҷро расонид. Дар маҷмӯъ, маблағи умумии сарфшуда бештар аз 17 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа


Возврат к списку