Бидуни об зиндагӣ вуҷуд нахоҳад дошт

Бидуни об зиндагӣ вуҷуд нахоҳад дошт

Об баъд аз ҳаво муҳимтарин модаи мавриди ниёзи мавҷудоти зинда аст. Об аз манбаҳои муҳими муҳити зист аст ва зиндагиву саломатии ҳамаи мавҷудоти зинда ҳам аз инсонҳо, гиёҳҳову ҷонварон ба вуҷуди об бастагӣ дорад. Аз чор се ҳиссаи курраи заминро об ташкил мекунад, аммо бештари ин обҳо дорои намак мебошанд ва танҳо як дарсади тамоми обҳои мавҷуд оби ширин ва қобили истифода аст. Тамоми ниёзҳои инсонҳо, набототу ҳайвоноти дар хушкӣ сукунатдошта ва 90% оби ошомидании одамон аз ҳамин миқдор таъмин мешавад. Рушди аҳолии курраи замин боиси афзоиши масрафи манобеи обӣ шудааст ва ин дар ҳолест, ки ба иллати афзоиши гармои курраи замин (ба сабаби олудашавии ҳаво) бориши барфу борон низ ба шиддат коҳиш ёфтааст.

Бо ин ки миқдори оби қобили истифода (оби ширин) дар сатҳи курраи замин бисёр кам аст, захираҳои оби ошомиданӣ дар курраи замин баробар тақсим нашудааст. Айни замон 9 кишвари ҷаҳон 60% захираҳои обиро дар бар мегиранд: Канада, Чин, Ҳиндустон, Колумбия, Фаронса, Бразил, Русия, Индонезия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Аз ҷониби дигар ҳудуди 80 кишвари ҷаҳон бо камбудии об рӯ ба рӯ ҳастанд, ки бархе аз онҳо тақрибан ба ҳеҷ манбаи оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, монанди Кувайт, Сингапур, Аморати Араб.

Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешавад, ки онҳо на инки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи миёна ҳисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад.

Имрӯз масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он дар маркази диққати тамоми сокинони сайёра қарор доранд ва Тоҷикистон низ дар ин ҷода қадамҳои устувор мебардорад. Мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печидатар мегардонанд. Тӯли даҳсолаҳои охир масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои кишвар, ки сарчашмаи асосии дарёҳо мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд. Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд. Бар асари чунин офатҳои табиӣ ҳамасола зерсохторҳо вайрон гардида, масоҳатҳои калон зери об мемонанд ва ба иқтисоди мамлакат зарари зиёд расонида мешавад. Аз рӯи ҳисоби коршиносон, танҳо дар натиҷаи гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар дар андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд. Аз ин хотир, ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои обии кишвар ва бо ин тағйиротҳо мутобиқ гардонидани низоми истифодаи об андешидани чораҳои муассир зарур аст. Идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои обии минтақа таъсири манфӣ расонад.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд.

Татбиқи ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амиқ дарк намудани аҳамияти об, ҳам барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳам таъмини сулҳу субот саҳми арзанда мегузорад. Сарвари давлат Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри ин нукта таъкид карданд, ки: «Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод».

Маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об имрӯз ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.


Зуҳра Турсунова, мутахассиси Шуъбаи иттилоот ва нашрия



18.01.2019     913

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php