Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

09.11.2018

Бишав обод эй Роғун

Бишав обод эй Роғун

     Роғун - имрӯзҳо вирди забони хурду калони кишвар аст. Тамоми мардуми Тоҷикистон ба ин макон бо як ҳиссиёту ҳаяҷон менигаранд, зеро ин кохи нур дар оянда қудрат ва тавоноии кишвари азизамон – Тоҷикистонро афзун хоҳад кард. Имрӯз ин макон ба фронти зарбдори меҳнатӣ табдил ёфтааст.

        Шуруъи нерӯгоҳи Роғун соли 1976 дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гашта буд, аммо пас аз пошхурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва бо иғвои душманони дохилию хориҷӣ соли 1990 сохтумони нерӯгоҳи мазкур қатъ гашт. Инчунин соли 1991-1992 дар саросари кишвари мо ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки боиси пурра қатъ гаштани сохтумони мазкур шуда буд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос шахсе ба сари қудрат омад, ки тавонист бо душворӣ бошад ҳам бо дастони тавонои худ, Тоҷикистонро аз гирдоби фано берун кашад ва барои аз нав шуруъ намудани сохтумони аср камари ҳиммат бандад. Ин шахси бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ӯ тавонист сулҳу ваҳдатро ҷовидонӣ ба диёри мо оварад ва киштии мардуми тоҷикро зи-ин гирдоб берун кашид.

                           Киштии ба шар ғарқ ба дарёи бало буд,

                           Бо дасти тавонат гирифтию кашидӣ.

        Баъд аз ин корҳои созандагию ободкорӣ бо дастуру супоришҳои ҷаноби олӣ оғоз гардид. Дар ин давра роҳҳои оҳану автомобилгард, нақбҳо, садҳо муассисаҳои таълимӣ, заводу фабрикаҳо ва ғайра сохта шуда ба фаъолият шуруъ намуданд.

      Роғун яке аз иншоотҳоест, ки доимо дар мадди назари давлат қарор дорад. Мардуми бунёдкори тоҷик ба душвориҳо нигоҳ накарда, имрӯз НБО-и Роғунро сохта истодаанд, ки ин ҳам бошад агригати аввалини он рӯзи 16-уми ноябри 2018 сол бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ мешавад. Тоҷикистон кишвари афсонаҳо кишвари офарандаи нур хоҳад шуд.

       Нерӯгоҳи Роғун дорои обанбори бузурге хоҳад шуд, ки дар соҳили ин обанбор даҳҳо иншоҳотҳои маишию истироҳати барои мардуми кишвари азизамон ва меҳмонони хориҷӣ дар соҳаи рушди сайёҳӣ нумӯи тоза хоҳад бахшид.

       Дар кафедраи анестезиология ва реаниматологияи ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино бахшида ба ифтитоҳи агрегати 1-уми НБО – и Роғун, ки санаи 16ғуми ноябри соли 2018 барпо мегардад бо иштироки мудири кафедра, асистентони кафедра бо донишҷӯёни курси 5-и факултети педиатрии гурӯҳи-2 ҷаласа гузаронида шуд. 

      Ичунин дар рафти ҷаласа донишҷӯйи курси 5-уми факултети педиатри Хушвахтов Зоҳир баромад намуда, оиди муҳимияти НБО-и Роғун дар ҷомеъа фикру ақидаҳои худро баён намуд.


Кафедраи анестезиология ва реаниматология


Диданд : 78
Ба қафо