Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

09.11.2018

Роғун - иншооти бузурги аср

Роғун - иншооти бузурги аср

        5-уми ноябр аз тарафи мудири кафедра ва кормандони кафедраи ҶҶР бо иштироки донишҷӯёни курси 5-уми факултети стоматологӣ семинар дар мавзӯи “Роғун - иншооти бузурги аср” баргузор гардид.

Аз тарафи мудири кафедра Ҷонибекова Р.Н. маълумот дар бораи аҳамияти стратегӣ доштани НБО-и “Роғун- иншооти бузурги аср” маърӯза карда шуд.

“Роғун-манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон шабеҳ хоҳад дод”.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Тоҷикистонам чароғон мешавад,

Манбаи нури фаровон мешавад.

                                                                                                                                                             Аз фурӯғи дидаи Роғуни мо,

   Ҳафт кишвар ахтаристон мешавад.

 

        Имрӯз мавзӯи бунёди кохи нури Тоҷикистон ба шиори рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳимми диёр таваҷҷӯҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мӯҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамояд.

         Нерӯи зеҳнии ҳукумати кишвар мисли шамси тобон мунаввар гашта, фазои бедории афкори оммаро равшан намуд. Халқ зарурияти Роғунро холо хуб дарк намуда, ҳамраъйии худро нисбати Ҳукумат бо ҳамовозии амиқ нишод дод. Иштироки фаъолонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои Роғун далелу ҳисси ифтихори миллии ҳар сокини бо нангу номуси кишвар аст.

 

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

                                                                                                                                                        Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

 

        Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарк доданд.

Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кории нерӯгоҳ заҳмат кашида бо ғурури Рустамона ва ҳиммати Фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир меандешанд.

      Шиносоии бевосита сарвари давлат бо рафти корҳои сохтмонӣ ва мулоқоти судмандона бо ҷамъи коргарон муҳим будани бунёди Роғунро бори дигар ёдрас мекунад. Расидан ба ҳадафи давлат шиори сабзи девони миллат аст:

 

               Роғун, Роғун чароғи сабзи Ватан аст,

                Ободии мулки Тоҷикистони ман аст.

                Бо заҳмати халқи мо шавад он бунёд,

                Роғун ба мисоли мактаби илму фан аст.

 

Халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рӯшноиро ба ҷаридаи олам эҳдо хоҳанд кард.


Кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй


Диданд : 96
Ба қафо