Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

07.11.2018

Фаъолияти маҳфили “Ҷарроҳони ҷавон” дар ОМИТ

Фаъолияти маҳфили “Ҷарроҳони ҷавон” дар ОМИТ

      Дар бахши ҷарроҳии эксперименталии ОМИТ дар ҳамкорӣ бо кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ маҳфили “Ҷарроҳони ҷавон” дар муддати 6 сол фаъолият менамояд. Аъзоёни маҳфил асосан донишҷӯёни курсҳои III-VI буда, бояд қайд намуд, ки аъзои маҳфил донишҷӯёни курси IV-ум аз Донишгоҳи давлатии тибби Қарағанда ҳам мебошанд. Рафти фаъолияти маҳфил аз тарафи кормандони кафедра (мудири кафедра дотсент Қурбонов М.Ҷ, асстистентҳои кафедра, Баҳромов М.Б, Абдуллоев З.Р., Мансуров Ҳ.Н.) ва кормандони бахши ҷарроҳии эксперименталии ОМИТ назорат карда мешаванд. Барои азхудкунии техникаи ҷарроҳӣ ба аъзоёни маҳфил дарсҳои назариявӣ гузаронида мешаванд. Дар ҳафтаи сипаригашта аз тарафи аъзоёни фаъоли маҳфил (Абдуллоев А., Жуманбоев С., Шокиров И.) мустақилона амалиётҳои ҷарроҳии “Резексия меъда бо усули Бильрот-1 ва гузаштани дарзҳои гемостатикии ҷигар, холеситстэктомия ” гузаронида шуданд. Амалиётҳо дар ҳайвонотҳои озмоишӣ гузаронида шуданд. Дар оянда аз тарафи аъзоёни маҳфил амалиётҳо дар рагҳои хунгард, асабтораҳо ба нақша гирифта шудаанд.

 Озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотӣ


Диданд : 91
Ба қафо