Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

05.11.2018

Даври якуми озмун

Даври якуми озмун

     Рӯзи 3-уми ноябр дар толори нави лексионии №1 даври якуми олимпиада аз фанни биология баргузор гардид, ки дар он   45 нафар донишҷӯёни фаъоли курси якуми ҳамаи факултетҳо, иштирокчиёни озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аз фанни биология ширкат варзиданд.

    Мувофиқи нақшаи таҳиягардида, чун ҳамасола аз 45 нафар донишҷӯёни фаъоли курси якум танҳо 15-нафар ба даври дуюм роҳхат мегиранд. Онҳо дар қатори донишҷӯёни курсҳои болоӣ дар даврҳои дуюм ва сеюм барои ғолиби мутлақи озмун гардидан мубориза мебаранд.

     Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамасола донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои ташкил намудаи Академияи илмҳои ҶТ барои гирифтани ҷоми Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илми ҶТ байни муассисаҳои олии мамлакат аз фанни биология иштироки фаъол намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд.

 

Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика 

 


Диданд : 138
Ба қафо