Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

02.11.2018

Ҷаласаи Шӯрои олимони факултети стоматологӣ

Ҷаласаи Шӯрои олимони факултети стоматологӣ

      Ҳафтаи сипаришуда дар толори Раёсати донишгоҳ нахустин Шӯрои олимони факултети стоматологӣ дар соли хониши 2018-2019 баргузор гардид. Нахуст Сардори гурӯҳи назорати сифати таҳсилот, дотсент Субҳонов С.С. раиси тозаинтихоби Шӯрои олимонро ба аъзоёни Шӯрои олимони факултет шинос намуд. Пас аз шиносоӣ Раиси Шӯрои олимони факултет Иброҳимов Ю.Ҳ. масъалаҳои дар ҷаласа пешбинишударо матраҳ сохт. Сухан ба котиби Шӯрои олимон дода шуд, ки ӯ ҳамагонро бо ҳайат ва нақшаи Шӯрои олимони факултет дар соли нави таҳсил шинос намуд.

       Сипас раиси Шӯрои олимони факултет суханронӣ намуда, дар бораи натиҷаҳои сессияи тобистона ва имтиҳони хатми давлатӣ маърӯза намуд. Аз мудирони кафедраҳои анатомияи одам ва биохимия сабабҳои паст будани сифати таълим пурсида шуда, доир ба баланд бардоштани сатњи дарсазхудкунӣ ва давомоти донишҷӯён дар соли нави тањсили 2018-2019 маслиҳатҳои муфид дода шуд. Масъалаи дигари ҷаласа оиди фаъолияи маркази таълимию клиникии “Стоматология” буд, ки дар ин бора директори ин марказ Таибов С.А. баромад намуд. Раиси иттифоќи касаба Расулов С.Н. доир ба интизоми мењнат дар кафедрањои мансуб ба факултети стоматологӣ ахборот дод. Дар масъалаҳои гуногун дотсент Субҳонов С.С. оиди баланд бардоштани сифати таълим суханронӣ намуд. Ҷаласаи аввали Шӯрои олимони факултет дар сатҳи баланд гузашт.

 Иброҳимов Ю.Ҳ.Декани факултети стоматологӣ, н.и.т.         

                                              


Диданд : 139
Ба қафо