Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

29.10.2018

Мероси бою рангини Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) ва аҳамияти ахлоқию маънавии он

Мероси бою рангини  Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) ва аҳамияти    ахлоқию маънавии он

       Яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёти классикии тоҷику форс Ҷалолиддин Балхӣ мебошад, ки аз замони зиндагии худ ва то ба имрӯз бо осори баландмазмунаш дили ҷаҳониёнро тасхир намудааст.

       Имрӯз низ осори рангини Ҷалолиддин Балхӣ аҳамияти худро гум накардааст, зеро асарҳои ӯ мазмуни амиқи илмию фалсафӣ доранд, ки барои тарбияи инсони ахлоқи олӣ мусоидат менамояд ва аз тамаддуни қадим арзишҳои ахлоқӣ ва хиради баланд сарчашма гирифтааст. Дар доираи нақшаи фаъолияти корҳои тарбиявӣ дар кафедраи забони русии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз 16 то 20 октябри соли 2018 ҳафтаи конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯён (6 бахш) дар мавзӯи «Нақши осори мутаффакири бузург – классики адабиети тоҷик Ҷалолиддин Балхӣ дар тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ташаккули табиби муосир» доир гардид.

       Дар чорабинии мазкур тамоми донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 донишгоҳ бо маърӯзаҳо ва қироати шеърҳо аз осори ин шоири намоён баромад карданд. Дар ҷараёни конференсия дар сексияҳои гуногун донишҷӯён дар асоси арзишҳои ахлоқии гузаштагон ва ҷомеаи имрӯза баҳсхо барпо намуданд.

         Пеш аз оғози ҳар як сексия мудири кафедраи забони русӣ, д.и.п., профессор У.Р. Юлдошев суханронӣ намуд.

        Дар машғулиятҳои забони русӣ тарбияи ахлоқию маънавии донишҷӯён мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Мақсади асосии доир намудани конференсияи мазкур низ аз ҳамин иборат буд. Дар ҳар як бахш 5-6 маърӯза шунида шуд. Маърӯзаҳо пурмуҳтаво буда барои баланд бардоштани ҷаҳони маънавии донишҷӯён ва маълумоти бештаре пайдо намудан доир ба ҳаёт ва фаъолияти намояндаи адабиёти классикии тоҷику форс - Ҷалолиддини Балхӣ мусоидат менамоянд.

      Баргузории чунин чорабиниҳои пурарзиш дар кафедра забони русӣ анъана шудааст. Устодони кафедраи забони русӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани конфронс, таҳияи маърӯзаҳои донишҷӯён саъю кӯшиши зиёде намуданд. Дар ҷараёни кори конференсия на танҳо маърӯзаҳо доир гардид, балки аз осори ин шоири бузург қироати шеърҳо, андарзҳо аз хусуси аҳамияти сухан, илмомӯзӣ, росткорӣ, ҷавонмардӣ ва ғайра садо дод. Аз замони зиндагии мутафаккири бузург – Ҷалолиддини Балхӣ муддати зиёде гузашта бошад ҳам, осори бою рангини ӯ то ба имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд ва барои тамоми ҷаҳониен нотакрор ва пурарзиш боқӣ мондааст.

Шодиматова М.К., Хайрова Х.И., омӯзгорони кафедраи забони русӣ

                                                                                                 


Диданд : 158
Ба қафо