Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

16.10.2018

ДДТМ ба номи Сеченов 260-сола шуд

ДДТМ ба номи Сеченов 260-сола шуд

        Аз 11  то 13 октябр ҳайати намояндагии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо роҳбарии ректори донишгоҳ М.Қ.Гулзода дар чорабиниҳо бахшида ба 260-солагии таъсисёбии Донишгоҳи якуми давлатии  тиббии ба номи И.М. Сеченови шаҳри Москва иштирок намуданд. Дар доираи чорабинӣ ҳайати намояндагии тоҷикро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Сеченов, академики АИТ ФР Пётр Виталевич Глибочко қабул кард. Дар рафти мулоқот ба соҳибҷашнҳо тӯхфаҳои хотиравии раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино супурда шуд. Намояндагони ДДТТ дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони ДДТМ ба номи И.М.Сеченов ширкат варзиданд, ки он таҳти раёсати академик П.В.Глибочко баргузор гашт. Дар ин ҷаласа номаҳои табрикии Президенти ФР В.В. Путин ва сарвазири ин кишвар Д.А.Медведев, Раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси федеролии ФР В.И.Матвиенко ва Раиси Думаи давлатӣ В.В.Володин  қироат карда шуд.


          Дар доираи ҷорабиниҳои тантанавӣ маросими кушодашавии ҳайкали Николай Василевич Склифосовский баргузор гардид. 



Диданд : 269
Ба қафо