Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

16.10.2018

Ҳамкориҳо бо ДДТБ рушд меёбанд

Ҳамкориҳо бо ДДТБ рушд меёбанд

       Аз 8 то 10 октябр ҳайати намояндагии ДДТТ баноми Абӯалӣ ибни Сино бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор М.Қ.Гулзода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Белорус қарор дошт. Ташрифи ҳайати корӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи байни ДДТТ ва ДДТБ барои солҳои 2018-2019 амалӣ гардонида шуд. Зимни сафари корӣ профессор Маҳмадшоҳ Гулзода бо вазири нигаҳдории тандурустии Беларус Валерий Анатолевич Малашко вохӯрӣ анҷом дод. Дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Белорус Анатолий Викторович Сикорский низ ширкат варзид. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои байни ду донишгоҳи тиббӣ, инчунин имкониятҳои фаъолияти якҷояи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо марказҳои илмӣ-таҷрибавии Ҷумҳурии Беларус мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Беларус ҳайати намояндагии тоҷик бо фаъолияти якчанд зерсохторҳои донишгоҳ, аз ҷумла шуъбаи таълим, равобити байналмилалӣ, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи менеҷменти сифат аз наздик шинос гашт. Ректори ДДТБ вазъи имрӯзаи фаъолияти донишгоҳ ва барномаҳои рушди минбаъдаи онро муаррифӣ намуд. Намояндагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз кафедраҳои факултаҳои фарматсевтӣ, Маркази экспертиза ва озмоиши нигаҳдории тандурустӣ ва Маркази малакаҳои амалӣ дидан ба амал оварданд.


        Дар рафти сафари корӣ оид ба ҳамкориҳои байни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДДТБ аз рӯи тамоми самтҳои фаъолият тавофуқот ба даст омад.

      Ғайр аз ин, намояндагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз Маркази ҷумҳурияввии илмӣ-таҷрибавии «Модар ва кӯдак» ва Маркази илмӣ-таҷрибавии ҷарроҳӣ, трансплантология ва гемотологияи шаҳри Минск дидан карданд. Аснои дидор оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисон ва ҳамкориҳои илмӣ тавофуқнома ба имзо расонида шуд.

       Хотиррасон мекунем, ки ба ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ДДТТ бо муассисаҳои тиббии Беларус, аз ҷумла, ДДТБ зимни сафари кории Ректори ДДТБ А.В.Сикорский дар ҳайти расмии Ҷумҳурии Беларус бо сардории Президенти ин кишвар А.Г.Лукашенко ба Тоҷикистон, ки аз 15 то 17 майи соли ҷорӣ сурат гирифта буд, асос гузошта шуд.



Диданд : 286
Ба қафо