Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

05.10.2018

Гуcтариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд

Гуcтариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд


Дар санаи 3-юми октябри соли 2018 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино намояндагон аз Донишгоҳи давлатии педиарӣ-тиббии Санк-Петербурги Федератсияи Россия ташриф оварданд. Ҳайъати меҳмонон Муовини ректор оид ба кори маъмурӣ ва идоракунии оперативӣ Ляхов Иван Дмитриевич ва сардори Маркази байналмилалии Барномаҳои илмӣ ва таълимӣ Барболина Анастасия Олеговна ташкил медод. Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. меҳмононро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самтҳои гуногуни соҳаи тиб, мавриди баррасӣ қарор дода, ёддошти тафоҳум байни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ДДПТ Санк-Петербург ба имзо расонида шуд. Дар асоси ёддошти тафоҳуми имзогардида ҷонибҳо имконият пайдо намудан то, ки ҳамкориҳои худро дар ҳамаи самтҳои донишгоҳҳои якдигар ба роҳ монанд. Ҳамзамон, меҳмонон аз кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона ва Маркази малакаҳои амалӣ дидан намуданд.  


Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ 



Диданд : 428
Ба қафо