Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

20.09.2018

НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТӢ ВА ДЕМОГРАФИЯ – МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОН


Аз солҳои 70-уми асри гузашта сар карда, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба сабаби ҷаҳонишавӣ, ки бевосита ё бавосита ба вазъи саломатии одамон таъсир мерасонад, хеле дигаргун шудааст. Баъзе натиҷаҳо боиси дигаргуниҳои мусбат шудаанд, масалан, чун паҳн гардидани донишҳои илмӣ, афзоиши неруҳо бобати муваффақшавӣ ба сатҳи баланди саломатӣ дар тамоми ҷаҳон бо роҳи ҳамкориҳои давлатҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корпоратсияҳо. Вале ин раванд оқибатҳои манфӣ низ дорад, масалан, либералишавии савдои ҷаҳонӣ ба паҳншавии чунин молу хадамоте оварда расонидааст, ки бе танзими кофии давлатӣ, алалхусус дар мамлакатҳои ҷаҳони сеюм, ба саломатии аҳолӣ таҳдид мекунанд. Чунончи, мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ маводи зараррасоне чун тамоку бе ҳифзи зарурии саломатии аҳолӣ озодона фурӯхта мешавад. Аммо имкониятҳои ҷаҳон дар вазъи ҷаҳонишавӣ ва аз ҷумла рушди ҳуқуқҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ шароит фароҳам меоранд, бисёр проблемаҳо ва хатарҳои глобалии ба сари инсоният омада, ки байни онҳо ҳифзи саломатӣ ва сиёсати демографӣ афзалияти аз ҳама бештар доранд, пурсамар ҳал карда шавад.


Мувофиқи маълумоти БРСММ ҳар рӯз дар ҷаҳон аз бемориҳое, ки пешгирӣ ва табобат карданашон мумкин аст, 30 ҳазор кӯдак, яъне соле 10 млн. кӯдак нобуд мешаванд. Дар айни замон 2, 5 млрд. одам ба воситаҳои муосири санитария дастрасӣ надоранд. Ҳар сол беш аз 500 ҳазор нафар занҳо вақти ҳомиладорӣ ё таваллуд кардан ба ҳалокат мерасанд. Дар тамоми ҷаҳон беш аз 42 млн. одам аз ВИЧ\СПИД сироят дидаанд. Бинобар ин масъалаи нигаҳдории тандурустии аҳолии сайёра дар қисмати баланд бардоштанистандартҳои хизматрасонии тиббӣ, бартарафсозии фавти кӯдакону модарон, мубориза бар зидди паҳншавии эпидемияҳо, аз ҷумла зукоми паррандаҳо, табларза, вабо ва ғайра глобалӣ гардида, ҳалли «глобалии» худро тақозо мекунанд. Бо саломатии аҳолӣ дигар проблемаи муҳими глобалӣ – проблемаи демографӣ алоқаманд аст.


Дар шароити ҳозира афзоиши аҳолӣ ва оқибатҳои он омилҳои ҳалкунандае мегарданд, ки симои ҷаҳонро дар даҳсолаҳои наздик муайян месозанд. Тавре маълум аст, дар сайёра афзоиши босуръати шумораи аҳолӣ мушоҳида мешавад. Дар 100 соли охир ин нишондиҳанда қариб 4 маротиба афзуда, аз 1,65 то 6,06 млрд. одам расидааст. Афзоиши босуръати шумораи инсоният бо шиддат гирифтани проблемаҳои дигаре чун тамомшавии имконпазири захираҳои барқарорнашавандаи маъданиву ашёи хом, нарасидани хӯрокворӣ, фишори беш аз пеш афзояндаи аҳолӣ ба муҳити зист, нобаробариҳо дар рушди иқтисодӣ ва тақсимоти захираҳо ва ғайра мувозӣ ба амал меояд. Дар натиҷаи нобаробарии глобалӣ чоряки инсоният маҷбур аст, ки бо 1\5 ҳиссаи маҳсулоти миллии истеҳсолшаванда қаноат кунад. Ба ин илова кардан зарур аст, ки шумораи умумии инсоният ба туфайли афзоиши аҳолии минтақаҳои (миллатҳои) ҷудогона, масалан, дар мамлакатҳои Осиё ва Африка ба амал омада, ҳамзамон дар мамлакатҳои дигар (асосан дар мамлакатҳои аврупоӣ) шумораи аҳолӣ торафт камтар мешавад. Ин мушкилот ба Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи ҳудудаш кӯҳсор асту афзоиши босуръати аҳолӣ ба амал омада, ҳамзамон имкониятҳои ба онҳо кафолат додани неъматҳои иҷтимоӣ, сатҳи баланди зиндагӣ ва хизматрасонии тиббӣ вуҷуд надоранд, то андозае таҳдид мекунад. Дар ин самт тарбияи кӯдакони солиме, ки барои инкишофёбӣ ва худтатбиқкунӣ тамоми имкониятҳоро дошта бошанд, басо муҳим аст. Бинобар ин сиёсати оқилонаи демографӣ мутавозӣ бо огоҳонидани аҳолӣ бо усулҳои муосири контрасепсия ва банақшагирии оила баробари андешидани тадбирҳо оид ба таъмини шаҳрвандон бо ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ роҳи ягонаи халосӣ аз вазъияти ба амаломада мебошад. Қарорро дар хусуси миқдори кӯдакон дар оила ҳамеша худи волидайн қабул мекунанд, вале давлат ба онҳо бо пешниҳоди иттилоот ва хадамоти маслиҳатӣ (консултативӣ) чунин кӯмаке расонида метавонад, ки банақшагирии оила ба манфиати ҳама – чи некӯаҳволии иҷтимоии оила, чи кӯдакии хушбахтона ва чи инкишофи ҷамъиятӣ ҷавобгӯ бошад. Охир, эҳтимоле ҳаст, ки волидон 7-8 тифлро ба дунё оварда, баъд маҷбуранд онҳоро ба дасти тақдир супоранд.


Вале агар волидон 2-3 кӯдак дошта бошанд, қодиранд, ки онҳоро тарбияи солим кунанд ва ҳамаи чизҳои барояшон заруриро дода тавонанд. Бинобар ин кӯшиши Тоҷикистон бобати ҷорисозии барномаи банақшагирии оила басо саривақтӣ буда, барои тарбияи насли нави солим хеле муҳим аст. Ин масъала ҳалли худро ҳамчунин дар мамлакатҳои камбағали Африка, Осиёи ҷанубӣ – шарқӣ ва Шарқи наздик тақозо дорад. Дар айни замон, баръакс, баъзе мамлакатҳо дар чунин марҳилаи рушди демографӣ қарор доранд, ки онро чун бӯҳрони демографӣ тавсия бахшидан мумкин аст. Мисоли равшани он Федератсияи Россия шуда метавонад. Ин ҷо муқоисаи барӯйхатгирии аҳолии соли 2002 бо барӯйхатгирии қаблии аҳолӣ дар соли 1989 муайян сохт, ки шумораи аҳолӣ дар ин муддат 1,8 млн. нафар кам гашта, тамоюлҳои манфие чун сатҳи пасти таваллуд ва фавти зиёди аҳолӣ барқароранд. Барои чунин мамлакатҳо сиёсати оқилонаи демографии ба афзунсозии таваллуд ва кам кардани фавти одамон нигаронидашуда бояд якҷоя бо тадбирҳои ислоҳсозии сиёсати муҳоҷират татбиқ гарданд, ки имконият медиҳанд, ба мамлакат қувваи кории барои он зарурӣ бо шартҳои барои ҳама манфиатовар ҷалб карда шавад. Ба ин тариқ, алоқамандии демография ва равандҳои муҳоҷират дигар ҷиҳати характерноки ҷаҳон дар давраи ҷаҳонишавӣ мебошад.


Суҳайлӣ Расулзода- мудири

шуъбаи иттилоот ва нашрияи

донишгоҳ, номзади илми

филология, дотсент


Диданд : 352
Ба қафо