Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

11.09.2018

Омодагии Озмоишгоҳ барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ барои соли нави хонишии 2018-2019с


Озмоишгоҳи марказии илмӣ- тадқиқотӣ соли нави хонишро бо тайерии хуб пешвоз гирифт. Барои боз ҳам беҳтар намудани рафти машғулиятҳои амалӣ ва эксперименталӣ ҳамаи намуди ҳайвоноти озмоишӣ (қурбоққа, муш, харгӯш) ва маводҳои сарфшаванда вобаста ба дархости мудирони кафедарҳои донишгоҳ  омода ва дастрас карда шуданд. Барои шунавандагони курси «Табиби таҳлилгар»  10 адад микроскопҳои барқии нав, курсиҳо ва мизҳои зарурӣ ба миқдори зарурӣ аз тарафи маъмурияти донишгоҳ ба ОМИТ таъмин карда шуданд.  Машғулиятҳои амалӣ ва корҳои эксперименталӣ вобаста ба нақшаи таълимӣ бо иштироки бевоситаи ассистентҳои кафедраҳо ва кормандони ОМИТ гузаронида мешаванд.    

  

Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ




Диданд : 495
Ба қафо