Hello-Site.ru

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ
ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

06.09.2018

Китобхонаи илмии донишгоҳ соҳиби ҷоиза гардид


  4-уми сентябри с.2018 дар Китобхонаи давлатии патентию техникии муассисаи давлатии «Маркази  миллии патенту иттилоот»  ҷамъбасти  сеюмин Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»  баргузор гардид. 


  Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино бо «ДИПЛОМИ ҷоизаи махсус «ГРАН-ПРИ»  барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи китобдорӣ, баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, ҳифзу нигоҳдории хазинаи гаронбаҳои миллат, ташвиқ ва тарғиби мутолиаи китоб ва иштироки фаъолона дар сеюмин Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018 »  мукофотонида шуд.

 

Китобхонаи илмии Донишгоҳ



Диданд : 409
Ба қафо