Рӯзи мубориза бар зидди ВИЧ\СПИД ва «рӯзи байналмилалии маъюбон
Рӯзи 03-уми декабри соли 2020 дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика бахшида ба «Рӯзи мубориза бар зидди ВИЧ\СПИД ва «рӯзи байналмилалии маъюбон» дар гӯрухҳои куратори семинарии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Дар семинари илмӣ муовини тарбия Бурҳонова З.У., саркуратори кафедра Каримова И.С., Азимова Г.Н ва кураторон Шахсуфбекова Н.Н, Ризоева О.А, Носирова Д.С., Хакимов С.А, Абдуллоев Д. Мирзоева М иштирок доштанд.
Дар он донишҷуён бо 4 маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Донишҷуён бо маърӯзаҳои худ, ки дар бораи 1 декабр Рӯзи мубориза бар зидди ВИЧ\СПИД- роҳҳои пешгири ва 3- декабр рӯзи байналмилалии маъюбон маърӯзаҳои пурмазмунро баён намуда, қайд карданд, ки ҳар яки мо бояд дасти кумаки худро низ ба ингуна шахсони маъюб дареғ надорем. Дар охир чорабиниро муовини декани тарбия Бурҳонова З.У бо суханронияш ҷамъбаст намуд.
Саркуратори кафедраи биологияи
тиббӣ бо асосҳои генетика, дотсент - Каримова И.С.