Туҳфа ба ғолибони саволу ҷавоб

Туҳфа ба ғолибони саволу ҷавоб
Санаи 9 апрели соли 2020 дар толори лексионии бинои нави таълимии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” воқеъ дар Шаҳраки “Шифобахш” муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., ва фаъолони гуруҳи куратории 48 ба донишҷӯёни курси 1, потоки 9-уми факултети тиббӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID -19 баъди ба итмом расидани лексия бо иштироки мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои информатика профессор Шерматов М.С. чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Ба донишҷӯёне, ки дар саволу ҷавоб оиди чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошт иштироки фаъолона доштанд, ниқобҳои яккаратаи тиббӣ ва буклетҳои тарғиботӣ тақдим карда шуд.
Декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М.
10.04.2020     450

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php