Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ мебояд

Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ мебояд
“Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ мебояд” - ин зарбулмасали халқӣ ба шиори имрӯзаи кормандони соҳаи тиб рост меояд. Ҳар як беморӣ новобаста аз хусусияти пайдоиш, инчунин метавонад сироятӣ ва ғайрисироятӣ бошад. Сирояти коронавируси COVID -19 ин бемории шадиди вирусии антропозоонозӣ буда, бо роҳҳои ҳавоию қатрагӣ ва тамосӣ бо асбоби санҷишӣ сироятпазир мебошад, ки бо осебпазирии роҳҳои нафас варами шадиди респираторӣ ва аллергияи шадид оварда мерасонад. Аз ин рӯ мебояд оиди пешгирии ин беморӣ сухан гуфт. Воситаи дақиқи гузаштани коронавируси нав маълум нест, аммо вирусҳои омӯхташуда тариқи ҳавои- қатрагӣ аз одам ба одам мегузарад.
Бо иқдоми декани факултети тиббӣ д.и.т., Хоҷаева Н.М. муовинони декани факултет барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯёни курсҳои поёнӣ ва дар байни аҳолӣ сафарбар карда шуданд. Санаи 9 апрели соли 2020 муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. бо ҳамкорӣ бо фаъолони гуруҳҳои кураторӣ дар бинои таълимии Шаҳраки “Шифобахш”дар кафедраҳои Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои информатика ва кафедраи забонҳои хориҷӣ дар байни гурӯҳҳои донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 2-юми факултетҳои тиббӣ ва педиатрӣ аксия ҷиҳати пешгирии паҳншвии бемории сироятии COVID -19-ро бо овезаҳои тарғиботӣ, буклетҳои ёддоштӣ, чораҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ ва ниқобҳои тиббӣ ташкил ва баргузор намуданд. Ин аксия аз ҷониби мудирони кафедраҳо ва устодони кафедраҳои номбаршуда хуб пазируфта шуданд. Онҳо ин иқдомро дастгирӣ намуда, қайд карданд, ки аз ҷониби онҳо низ чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар гурӯҳҳо муддати 5-10 дақиқа пеш аз дарс гузронида мешавад. Дар гурӯҳҳое, ки дар ин кафедраҳо дарс доштанд, буклетҳои тарғиботӣ оиди чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ ва ниқобҳои яккаратаи тиббӣ дода шуд. Онҳо аз ин буклетҳо маълумотҳои муфид барои худ гирифта метавонанд.
Декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М.
10.04.2020     291

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php