Дастгирии донишҷӯёни болаёқат.

Хурсандиовар аст, сол то сол шумораи донишҷӯёне, ки бо баҳои «хуб» - у «аъло» таҳсил менамоянд зиёд шуда истодааст. 16 марти соли 2020 дар толори № 101 дар бинои асосиии таълимии МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» вохӯрии донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ бо сарварии декани факултети тиббӣ д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М., муовинони декани факултети тиббӣ Раҳимова Д.С. ва Бурҳонова З.У., гузаронида шуд. Ба вохӯрӣ донишҷӯёне, ки ба гирифтани дипломи «аъло» номзадӣ доранд, барои супоридани як қатор имтиҳонҳо, ки бо дастгирии Роҳбарияти донишгоҳ иҷозат дода шудаст, даъват гашта буданд.
Декани факултет дар баромади худ ба ҳамаи донишҷӯён дар навбати аввал мувафақият орзу намуда, шарту шароити супоридани имтиҳонҳоро фаҳмонида доданд.
Дар баромади худ муовини декани факултет Бурҳонова З.У., бо донишҷӯён дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», ва «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар ҶТ» суханронӣ намуда, ба донишҷӯён муроҷиат намуданд, ки дар рӯзҳои супоридани имтиҳонҳо ба қонунвайронкунӣ ҷиҳати пӯшидани сару либоси тавсиявӣ, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзӣ, баъди гирифтани дипломи хатм ба гузаронидани чорабиниҳою шабнишиниҳо даст назананд. Муовини декан инчунин дар масъалаи мубрами рӯз оиди чорабиниҳои пешгирии паҳншавии вируси «тоҷдор», ки ҳанӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, вале «илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ» гуфтаанд, ҳарф зад. Бинобарин ҳар як нафар донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ бояд худ донад ва ба дигарон оиди чораҳои пешгирӣ маълумот дода тавонанд.
Дар баромадҳои худ декани факултет д.и.т.профессор Хоҷаева Н.М. ва муовини декан Раҳимова Д.С. ба саволҳои ба миёномадаи донишҷӯён ҷавобҳои саҳеҳ доданд.

Декани факултети тиббӣ, д.и.т.,профессор Хоҷаева Н.М.
26.03.2020     303

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php