Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ

Дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» мутобиқи фармони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ нақша -чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID -19 тартиб дода шуда, ҳамарӯза чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кафедраҳо, донишҷӯёни курсҳои гуногун, мактаббачагон ва аҳолӣ ҶТ, гузаронида мешавад. Вобаста ба ин деканати факултети тиббӣ иқдом гирифтанд, ки санаи 9 апрел бо роҳбарии муовинони декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. ва Мансуров Ҳ.Н. дар даромадгоҳи МТТ Шаҳраки “Шифобахш” дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID -19 гузаронанд. Дар аксияи мазкур донишҷӯёни курсҳои 1 –ум ва 2-юми факултети тиббӣ иштирок намуданд.Барои аҳолӣ маъводҳои тарғиботӣ барои риоя қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ ва рӯймолчаҳои яккарата бо ниқобҳои тиббӣ тақдим карда шуд.Ин амали донишҷӯён дар байни аҳолӣ як қатор равшаниҳо андохт, ки ин хело хурсандиовар аст.
Декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М.
10.04.2020     320

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php