Чораҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии вируси COVID-19 дар байни донишҷӯён

 Чораҳои  фаҳмондадиҳӣ оид ба  пешгирии вируси COVID-19 дар байни донишҷӯён
30.03.2020 муовинони декани факултети тиббӣ дар курси 5 Зокиров Р.А. ва Ахмедов Ф.С. аз кафедраҳои онкология ва ташхиси шуоӣ, бемориҳои сироятӣ, ҷарроҳии асаб ва садамаи омехта дидан намуданд. Дар кафедраҳои номбурда давомоти донишҷӯён, раванди таълим ва намуди зоҳирии донишҷӯён тафтиш гардида, аз рӯи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида донишҷӯён оиди пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии вируси COVID-19 (гарчанде дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашудааст) маълумотнок гардонида шуданд.
Дар кафедраи онкология ва ташхиси шуоӣ оид ба риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ бо устодону донишҷӯён суҳбат анҷом дода шуд.
Дар кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаи омехта гурӯҳҳои 35-38 курси 5 дарс доштанд. Муовинони деканро ассистенти таълимии кафедра Бобоҷонов М.М. ҳамроҳӣ намуда, ба ҳуҷраҳои дарсӣ даъват намуданд. Давомоти донишҷӯён дар гурӯҳҳои таълимӣ хуб буда, дарс дар фазои ором ва шароити мусоид мегузашт. Ҳамаи донишҷӯён бо сарулибоси ҷарроҳӣ дар кафедра қарор дошта, бо навбат дар ҷарроҳиҳо аз рӯи мавзӯи дарсиашон иштирок менамуданд.
Дар гурӯҳҳои 6-10-и курси 5 дар кафедраи бемориҳои сироятӣ (кафедра муваққатан дар кафедраи гистология ҷойгир карда шудааст) давомоти донишҷӯён хуб буда, дар иштироки муовинони декан профессори кафедра Ҳусаинов О.Ҳ. этиология, патогенез, роҳҳои пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии вируси COVID-19-ро дар намуди лексия ба ҳозирин фаҳмониданд. Аз ҷониби муовинони декан қайд карда шуд, ки донишҷӯёни курсҳои 5 ва 6-и Донишгоҳи тиббӣ бояд аввал худ оиди ин вирус ва роҳҳои паҳншавию аломатҳои беморӣ маълумоти саҳеҳу дақиқ дошта бошанд, баъдан худро ҳимоя карда битавонанд ва дар ҳолати ғайричашмдошти пайдошавии ин вирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кормандони соҳаи тандурустии кишвар барои пешгирии паҳншавии он (маълумотнок гардонидани аҳолӣ) дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.
Инчунин дар ҳамин сана муовинони декан Зокиров Р.А. ва Ахмедов Ф.С. бо донишҷӯёни курси 5 гурӯҳҳои 6-16 дар толори №2-и донишгоҳ сӯҳбат – вохӯрӣ ташкил намуда, мушкилиҳои ҷойдоштаи потокҳоро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон фикру ақида ва донишу малакаи донишҷӯён оиди роҳҳои сироятёбӣ, нишонаҳои беморӣ ва роҳҳои пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии вируси COVID-19 шунида шуд. Маълум гашт, ки донишҷӯён то ҳадде аз ин беморӣ хабардор буда, барои маълумотнок намудани аҳолӣ омода мебошанд.
Декани факултети тиббӣ, д.и.т. Хоҷаева Н.М.
31.03.2020     278

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php