Ҷаласаи Шурои олимони факултет
Дар ҳафтаи сипаришуда Шӯрои олимони факултети тиббӣ бо иштироки аъзоёни он, таҳти раисии декани факултет д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М. баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи ҷаласа ахбори мудири кафедраҳои онкология ва ТШ, дерматовенерология, ҷарроҳии кудакона оид ба фаъолияти таълимӣ – методӣ, илмӣ ва тарбиявии кафедра шунида шуд. Инчунин дар ҷаласаи Шӯрои олимон ахбор доир ба давомот ва пешрафти донишҷӯёни Квотаи Президентӣ шунида шуд.
Масъалае дигаре, ки дар ҷаласаи мазкур мавриди муҳокима қарор дода шуд ва ба он таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид, ин тайёрӣ барои гузаронидани имтиҳонҳои давлатии хатмии с.2020 буд. Хоҷаева Н.М. дар ҷаласа оиди аз кадом фанҳои тахассуси ва марҳилаҳои супоридани имтиҳонҳо низ суханронӣ карданд.
Дар ҷаласа мавзӯи рисолаи илмии унвонҷӯи кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 Давлатзода Х.Б. ва мавзӯи илмии кафедраи эндокринология барои солҳо 2020-2025 тасдиқ карда шуд
06.04.2020
324