ЗИЁРАТИ СОБИҚАДОРОН – АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХУ НАСЛИ ФИДОИИ МИЛЛАТ
Дар арафаи ҷашни муқаддасу сарнавиштсози Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи ректори Донишгоҳ, муовинати корҳои тарбиявӣ ва Иттифоқи касабаи кормандон ба аёдати устодони собиқадори Донишгоҳ, ки собиқаи чандинсолаи фаъолият дар донишгоҳро доранд, рафтанд.
Ин иқдом, ки дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ҳадафи аслиаш арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои мондагори онҳое мебошад, ки солҳо илму донишро ба наслҳои ҷавон омӯзонда, дар пойдории низоми тиббии кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.
Гурӯҳи кормандон, ки иборат аз аъзои Раёсат – муовини ректор оид корҳои таълимӣ-методӣ, муовини ректор оид ба тарбия, муовини ректор оид ба хоҷагидорӣ ва маъмурӣ, деканҳои факултети тиббӣ, стоматологӣ, фарматсеатӣ ва мудирони кафедраҳо, инчунин кормандони муовинати тарбия буданд, дар манзили собиқадорон – Мирзо Назараов, Дадабаева Екатерина, Бурҳонова Зебо, Субҳонов Саттор ҳозир шуда, бо онҳо суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд. Дар ҷараёни мулоқотҳо хотироти нодири таърихӣ, шоҳидии таъсис ва рушду инкишофи бархе аз марказҳову пойгоҳҳои Донишгоҳ аз забони насли пешсаф шунида шуданд.
Собиқадороне, ки дар ин рӯз аёдат шуданд, аз ҷумлаи аввалин устодони Донишгоҳ буданд, ки бо меҳнати софдилона ва донишу таҷрибаи бузург, на танҳо дар рушди соҳаи тибб, балки дар тарбияи садҳо мутахассисони бомаҳорати тоҷик саҳм гузоштаанд.
Дар ҳар як хонадон фазои хоса ва руҳи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ эҳсос мегардид. Собиқадорон бо эҳсоси ифтихор ва шукрона аз давлати соҳибистиқлоли тоҷикон изҳор медоштанд, ки маҳз туфайли оромиву суботи кишвар имрӯз фарзандону шогирдонашон дар шароити мусоид таҳсилу фаъолият доранд.
Устодони собиқ дар сӯҳбатҳо ёдовар шуданд, ки солҳои аввал бо кадрҳои маҳаллӣ ва имкониятҳои маҳдуд корро оғоз карда, дар масири душвори илмомӯзӣ бо муҳаббат ва садоқат ба касб, хидмат кардаанд. Онҳо бо ифтихор иброз доштанд, ки имрӯз донишгоҳ ба яке аз муассисаҳои бонуфузи илмиву таълимии минтақа табдил ёфтааст.
Ба ҳар як собиқадори аёдатшуда аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ ҳамчун тӯҳфаи идона гулдастаҳо ва як миқдор маблағ ҷиҳати арҷгузорӣ супурда шуд. Ин амали рамзӣ нишонаи арҷгузорӣ ба меҳнату заҳматҳои бисёрсолаи ин нафарон буда, боиси шодиву сурури онҳо гардид.
Собиқадорон бо қалби пур аз шукргузорӣ ба роҳбарият ва устодони ҷавон барои пос доштани хотираҳо ва таърихи зиндаи Донишгоҳ изҳори сипос карданд. Онҳо бар он буданд, ки чунин ташаббусҳо бояд ба анъана табдил ёбанд, зеро ин пайванди наслҳоро тақвият бахшида, эҳтироми устод ва арзишҳои миллӣ-фарҳангиро устувор мекунад.
Хулоса, чунин ташаббусҳои ватандӯстона ва инсондӯстона нишони равшани фарҳанги ташаккулёфтаи донишгоҳ буда, дар замири насли ҷавон эҳсоси ифтихор ва масъулиятро нисбат ба гузашта ва оянда бедор месозанд. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино минбаъд низ чунин иқдомҳоро дар доираи тарбияи маънавию ватандӯстии устодону донишҷӯён густариш хоҳад дод.
Шуъбаи тарбия


