Вохӯрӣ бо намояндагони Суди олии иқтисодӣ

Вохӯрӣ бо намояндагони Суди олии иқтисодӣ

Вохӯрӣ бо намояндагони Суди олии иқтисодӣ
Рӯзи 6 сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Сино ҷаласаи вохӯрии устодон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо намояндагони Суди олии иқтисодии ҶТ дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» баргузор гашт.
Зимни ифтитоҳи ҷаласаи вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. аз ҷумла ӯ қайд кард, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Дар замони истиқлолият кишвари мо ба дастовардҳои зиёди дохилию хориҷӣ ноил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати мустақил аз тарафи зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон шинохта шуд. Пазируфтани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дар масъалаҳои вобаста ба об аз маъруфияти кишвари мо дар саросари олам дарак медиҳад.
Сипас, сардори раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди олии иқтисодии ҶТ Асрорзода Зуҳуриддин ба сухан баромада қайд кард, ки Истиқлол чун олитарин меҳмони пурфайзу баракат бар хонадони тоҷикон 9 сентябри соли 1991 қадам ранҷа намуд. Гарчанде бархе аз сияҳдилон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин руйдоди бузурги таърихӣ накарда, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохта, ҷанги бародаркушро ташкил намуданд, мардуми шарафманди ин сарзаминро муҳоҷир, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд, зеро ин миллати бузургро марди бузургу одил, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистони азиз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад. Ба туфайли талошу кӯшишҳои зиёд бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси сар гашта, давлат орому миллат осуда гардид. Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд, мулоҳизакор будани миллат имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд. Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷораташонро бо Тоҷикистон пайвастаанд,ки ин ҳама нишонаҳои бузурги истиқлол аст.
“Ворисони Сино”

Вохӯрӣ бо намояндагони Суди олии иқтисодӣ
Вохӯрӣ бо намояндагони Суди олии иқтисодӣ
Вохӯрӣ бо намояндагони Суди олии иқтисодӣ
06.09.2019     510