ТОҶИКИСТОН- БО ИСТИҚЛОЛ АБАДӢ АСТ

ТОҶИКИСТОН- БО ИСТИҚЛОЛ АБАДӢ АСТ

Бахшида ба 34-умин солагрди Истиқлоли давлатӣ дар кафедраи стоматологияи ортопедӣ чорабинии маърифатӣ-сиёсӣ баргузор карда шуд. Мудири кафедра, дотсент Зарипов А. Р. омӯзгорону кормандонро ба ин санаи муҳими таърихӣ табрику шодбош гуфта, афзуданд, ки 34 сол пеш дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пайдо гардид. Новобаста аз муноқишаҳои дохилӣ ва дахолати берунӣ ба давлатдории тоҷикон, миллати танмаддунофари мо зери роҳбарии фарзанди фаарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд кишварро аз нестшавӣ наҷот бахшанд.

Қайд гардид, ки бо шукригузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва Ваҳдати комили миллӣ имрӯз кишвари моро зиёда аз 200 давлати сайёра ба расмият мешиносанд ва ташаббусҳои созандаи ҷониби Тоҷикистон наҷотбахши ҷаҳон гардидаанд.

Сипас, як қатор донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад намуда, дар васфи Ватан, Истиқлол, озодӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ шеърҳо қироат карданд.

 

КАФЕДРАИ СТОМАТОЛОГИЯИ ОРТОПЕДӢ

 


05.09.2025 199

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php