Ташрифи ҳайати меҳмонон аз Инситути рушди саноати тандурустии Корея

Ташрифи ҳайати меҳмонон аз Инситути рушди саноати тандурустии Корея
Ҳайати меҳмонон иборат аз шаш нафар аз Институти рушди саноати тандурустии Корея дар санаи 21-уми октябри соли 2019 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобиланд судманд ташриф оварданд.
Институти рушди саноати тандурустии Корея (KHIDI) муассисаи давлатиест, ки ба Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии Ҷумҳурии Корея ҳисобот медиҳад. Самти асосии фаъолияти KHIDI – омӯзиши ташкил ва рушди саноати тиббӣ ва дар маҷмӯъ системаи тандурустӣ, таҳияи сиёсатҳои тандурустӣ ва мусоидат дар татбиқи он мебошад.
Ҳайати меҳмононро ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. ба ҳузур пазируфт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои зерин аз қабили ҷорӣ намудани технологияи навини тиббӣ, баланд бардоштани потенсиалии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, таҳия ва татбиқи барномаи таълимӣ дар соҳаи фарматсия инчунин самтҳои имконпазири ҳамкорӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб, иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармояҳои молиявӣ, имконияти гузаронидани таҳқиқоти муштарак бо мақсади ташкили ҳамкориҳои устувор дар соҳаи тандурустӣ, муайян кардани афзалиятҳо барои татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ, имкони фаъолгардонии барномаҳои таҷрибаомӯзӣ бо мақсади табодули дониш ва ғайра муҳокима карданд.
Қобили зикр аст, ки пас аз вохӯрӣ меҳмонон аз Маркази илмӣ-истеҳсолии «Фарматсия»- и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синодидан намуда, аз фаъолияти он ошноӣ пайдо намуданд.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ


22.10.2019 186