Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи Артиш

Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи Артиш
Рӯзи 19 феврал бахшида ба солгарди таъсиси Артиши Миллии Тоҷикистон аст дар ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино барномаи идонае таҳти унвони «Муҳофизони Ватан» бо ширкати роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати меҳмонон ва кормандону донишҷӯён доир гардид. Гуфтанист, барномаи «Муҳофизони Ватан» бо бахшҳои ҷолиб ва дар шакли озмун доир гардида, донишҷуёни донишгоҳ дар чанд маврид миёни ҳам сабқат намуданд. Дар раванди ин барномаи бошукӯҳи ҷашнӣ 17 тан аз афсарон- омӯзгорони кафедраи тиббӣ ҳарбии донишгоҳ барои саҳми арзанда дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва берун аз он аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо мукофотҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд. Дар ин рӯзи муборак 15-нафар ҷанговарони башардӯстн ва иштирокчиёни барқарорсозии Чернобол бо Ифтихорнома , Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Зимнан, кафедраи тибби ҳарбии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар байни ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ барои саҳми арзанда дар тарбияи кадрҳои ҳарбӣ сазовори ҷойи саввум ва бо дипломи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Муовини ректори донишгоҳ, профессор Ибодзода С. Т. зимни баромади хеш бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Артиши Миллии Тоҷикистон аз ҷумла чунин гуфт: Артиши миллӣ, ки зодаи даврони истиқлолият мебошад, дар зарфи 27 соли мавҷудияташ ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат табдил ёфта, мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз ҳомию муҳофизи ҳақиқии худро мебинад.Мусаллам аст, ки сулҳу оромӣ ва тинҷиву осоиштагии ҳар як давлату миллат аз қудрату тавоноии қувваҳои мусаллаҳи он вобастагии калон дорад. Аз ин хотир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ чун дигар давлатҳои собиқ шӯравӣ баъди ба даст овардани Истиқлолият зарурияти ташкили қувваҳои мусаллаҳ ба миён омад. Вале таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёде ба даст меомад. Зеро баъд аз пош хӯрдани давлати шӯравӣ ва бар асари нооромиҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваҳои мусаллаҳ қариб, ки амал намекарданд.
Илова бар ин вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархурдор гардад. Новобаста аз ин баъди анҷом ёфтани Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон роҳбарияти нави мамлакат бо сарварии бузургмарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилиҳои зиёди мавҷуда нигоҳ накарда масъалаи таъсиси Артиши миллиро дар навбати аввал гузошта ҷиҳати ҳалли мусбии он талошу ҷонбозиҳои зиёде намуданд.
23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Пешрафту пойдории Қувваҳои мусаллаҳро бе мутахассисони баландпоя тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ба ин хотир дар Донишгоҳи мо низ кафедраи тибби ҳарбӣ амал мекунад, ки фаъолияти он барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб дар сохторҳои низомӣ равона карда шудааст. Роҳбарияти Донишгоҳ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ҳамкорӣ бо Кумитаву Вазоратҳои дахлдор, барои таҳким ва вусъат бахшидани сатҳи омодагии дифоии донишҷӯён пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.
С.Т. Ибодзода афзуд, ки дар кафедра таълим мутобиқи барномаҳои таълимӣ ва Оинномаи ҳарбӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои ба пуррагӣ аз худ намудани асососҳои назариявӣ ва муқаррароти пешбинишуда дар ташаккули малакаҳои устувори амалӣ, ташкили таъминоти тиббии амалиётҳои ҳарбӣ ва ҳамчунин расонидани ёрии тиббӣ ҳангоми вазъиятҳои фавқулодда ба донишҷӯён имкониятҳои амалиро фароҳам меорад. Тибқи ин дастур афсарон – омӯзгорони кафедра нақша ва барномаҳои таълимиро, ки дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шудааст, мутобиқи талаботи низоми таълимӣ ва дастурамалҳои ҳарбӣ иҷро менамоянд. Дар баробари ин, кормандони кафедра дастаҷамъона дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва берун аз он саҳми арзанда мегузоранд.
Дастаи ҳунарии донишгоҳ «Шифо»-и донишгоҳ дар хотимаи чорабинӣ бо барномаи консертӣ ва тантанаи сурудҳои ватандорӣ ҳусни барномаро афзун намуд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи Артиш
Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи Артиш
Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи Артиш
Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи Артиш
Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи Артиш
Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи Артиш
Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи Артиш
Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи Артиш
Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи Артиш
20.02.2020 775