Саломатии занон-саломатии миллат

Саломатии занон-саломатии миллат

Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ бо Донишкадаи тиббии шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Рӯзи 21-уми январи соли 2021 дар Донишкадаи тиббии шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи байналмиллаии илмӣ-амалӣ дар мавзӯъи «Саломатии занон-саломатии миллат» бахшида ба 95 солагии академики АИ ҶУ, корманди шоистаи илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон д.и.т., профессор Зокиров И.З гузаронида шуд. Дар ин конференсия Ректори МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ бо сухани табрикоти тариқи онлайн баромад карданд.

Ҳамчунин дар ин конференсияи 21 нафар кормандони кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1 ва №2 тариқи онлайн низ иштирок намуданд.



23.01.2021 129