ПАЙРОҲАИ НУРБОРИ УСТОД: НАЗАРОВ МИРЗО-УМРЕ САРОПО ВАФО БА ИЛМУ МАОРИФ (БА ИФТИХОРИ 85-СОЛГАГИИ УСТОД МИРЗО НАЗАРОВ)

ПАЙРОҲАИ НУРБОРИ УСТОД: НАЗАРОВ МИРЗО-УМРЕ САРОПО ВАФО БА ИЛМУ МАОРИФ (БА ИФТИХОРИ 85-СОЛГАГИИ УСТОД МИРЗО НАЗАРОВ)

Сани 1-уми сентябр яке аз рӯзҳои хотирмони ҷомеаи илмӣ ва омӯзгорӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин рӯз соли 1940 дар деҳаи зебоманзари Рӯякоби ноҳияи Ховалинг шахсияте ба дунё омад, ки баъдтар тамоми ҳастии худро ба илму маърифат ва хизмат ба Ватан бахшид. Дар Рӯзи дониш рост омадани мавлуди ин абармард низ бесабаб нест. Ин шахсияти фарзона-Назаров Мирзо, биолог, номзади илмҳои биологӣ, дотсент ва профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад.

Назаров Мирзо роҳи пуршарафи худро дар илму таҳқиқот аз овони ҷавонӣ оғоз намуда, соли 1970 рисолаи номзадии хешро дар самти биология ҳимоя намуд. Аз соли 1978 бо унвони илмии дотсент ба тарбияи садҳо шогирдон ва мутахассисони ҷавон машғул гардид. Заҳматҳои софдилона, садоқат ба илм ва меҳнати беандоза боис гардид, ки соли 2014 бо унвони “Профессори фахрӣ”-и ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино сарфароз гардонида шуд.

Фаъолияти ӯ на танҳо ба тадқиқоти илмӣ, балки ба корҳои тарбиявӣ низ пайванд хӯрд. Ҳазорон донишҷӯён аз илму таҷрибаи устод баҳра гирифта, имрӯз дар гӯшаю канори кишвар ва хориҷ аз он ба ҳайси мутахассисони варзида фаъолият доранд.

Назаров Мирзо ҳамеша намунаи омӯзгори ҳақиқӣ, инсони бофарҳанг ва ватандӯст мебошад, ки тамоми умри бобаракат бо самимият ба ҷомеа хизмат кардааст.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки саҳми ӯ дар рушди илми биологияи тоҷик ва таҳкими заминаҳои омӯзиши илмҳои дақиқ назаррас буда, шахсияташ ҳамеша барои ҳамкорон ва шогирдон мактаби бузурги зиндагиву дониш аст.

Имрӯз, ки устод ба синни муборак 85-солагӣ расидаанд, ин сана на танҳо ҷашни шахсии ӯст, балки ифтихори тамоми ҷомеаи илмӣ ва омзгорӣ низ мебошад.

Ҳақ бар ҷониби Мавлонои бузург, ки фармудаанд:

    Дило назди касе биншин, ки аз дилҳо хабар дорад,

Ба зери он дарахте рав, ки он гулҳои тар дорад.

  Дар ин бозори атторон, марав ҳар сӯ чу бекорон,

      Ба дӯкони касе биншин, ки дар дӯкон шакар дорад.

 

Борониев Н. С. –муаллими калони кафедраи фармакогнозия ва

ташкили иқтисодии фарматсевтӣ


01.09.2025 190

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php