ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — ТАҶАССУМИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГМЕҲВАР ВА ҚАДАМИ НАВ ДАР МУАРРИФИИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — ТАҶАССУМИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГМЕҲВАР ВА ҚАДАМИ НАВ ДАР МУАРРИФИИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН

Дар ҷаҳони муосир, ки рақобати давлатҳо на танҳо дар арсаҳои иқтисодиву сиёсӣ, балки дар майдони фарҳанг, илм ва ҳифзи арзишҳои тамаддунӣ низ ҷараён дорад, миллатҳое муваффақ ва таъсиргузоранд, ки бо такя ба решаҳои таърихии худ тавонанд дар ташаккули фазои нави маънавию илмии ҷаҳон саҳмгузор бошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз чунин роҳро интихоб намудааст - роҳи эҳёи хотираи таърихӣ, муаррифии шахсиятҳои бузурги миллӣ ва табдил додани мероси фарҳангиву илмии гузашта ба омили нуфузи байналмилалии давлат.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони истиқлол масъалаи эҳёи арзишҳои таърихӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги миллатро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатдорӣ қарор доданд. Дар заминаи ҳамин сиёсати фарҳангмеҳвар ва маърифатсолорона чеҳраҳои мондагори таърихи тоҷикон - аз Имоми Аъзам ва Ҷалолиддини Балхӣ то Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Абуалӣ ибни Сино дубора ба меҳвари худшиносии миллӣ ва муаррифии байналмилалии тоҷикон табдил ёфтанд.

Дар ҳамин замина, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-уми майи соли 2026 “Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” як рӯйдоди муҳимми сиёсиву фарҳангӣ ва илмии сатҳи байналмилалӣ ба шумор меравад. Ин иқдоми таърихӣ бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат сиёсати фарҳангии худро на танҳо ҳамчун унсури ҳифзи ҳувияти миллӣ, балки ҳамчун воситаи муассири муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ амалӣ менамояд.

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба нобиғаи бузурги башарият - шайхурраис Абуалӣ ибни Сино мебошад, ки бо осори ҷовидонаи худ ба таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ таъсири амиқ гузоштааст. Ин ҷоиза рамзи эҳтироми давлат ва миллат ба илм, маърифат ва инсонгароӣ буда, дар айни замон паёми фарҳангии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби арзишманди худ - “Чеҳраҳои мондагор” бо ифтихори баланд аз ҷойгоҳ ва мақоми Ибни Сино ёд намуда, чунин таъкид менамоянд:

“Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситоиш ва қадрдонӣ мебошад.”

Ин суханон бозгӯи воқеияти таърихист. Зеро Абуалӣ ибни Сино на танҳо фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, балки яке аз сутунҳои асосии тамаддуни башарӣ мебошад. Номи ӯ ҳамчун рамзи хирад, илм ва инсонпарварӣ қарнҳост, ки дар ҷаҳон эҳтиром мегардад.

Пешвои миллат дар мавриди ҷойгоҳи Ибни Сино борҳо таъкид намудаанд, ки мероси ӯ танҳо мутааллиқ ба як миллат нест, балки сарвати маънавии тамоми инсоният мебошад. Аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштаанд:

“Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи шахсиятҳои нодири илму фарҳангест, ки осори гаронбаҳои ӯ имрӯз низ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ дорад.”

Воқеан ҳам, вақте инсоният имрӯз бо таҳдидҳои нави тандурустӣ, бемориҳои сироятӣ, буҳронҳои экологӣ ва мушкилоти равонӣ рӯбарӯст, бисёре аз андешаҳои Ибни Сино аҳамияти тоза касб менамоянд. Ӯ ҳанӯз ҳазор сол қабл масъалаҳои муҳити зист, ғизои солим, беҳдошт, мувозинати ҷисму рӯҳ ва пешгирии бемориҳоро асоси саломатии инсон медонист.

Ин аст, ки таъсиси ҷоизаи байналмилалӣ ба номи ӯ танҳо як иқдоми рамзӣ нест, балки иқдоми дорои аҳамияти стратегӣ барои рушди илми тиб, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ташаккули дипломатияи илмӣ мебошад.

Дар сиёсати давлатӣ соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки саломатии миллат неъмати бебаҳои давлат аст. Аз ҷумла, дар яке аз паёмҳояшон чунин омадааст:

“Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат ва шарти муҳимми пешрафти ҷомеа мебошад.”

Ин андешаи амиқ нишон медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии давлат, махсусан таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи тандурустӣ, танҳо як вазифаи соҳавӣ нест, балки ҷузъи муҳими сиёсати миллӣ ва амнияти давлатӣ маҳсуб меёбад.

Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат дар даврони истиқлол даҳҳо муассисаҳои нави тиббӣ бунёд гардида, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар ва заминаҳои рушди илми тиб фароҳам оварда шуданд. Дар ҳамин замина, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино идомаи мантиқии ҳамин сиёсати инсонмеҳвар мебошад.

Ин ҷоиза метавонад ба як платформаи бонуфузи байналмилалӣ табдил ёбад, ки олимон, муҳаққиқон ва табибони ҷаҳонро барои ҳалли масъалаҳои мубрами тандурустӣ муттаҳид созад. Тоҷикистон бо чунин иқдом на танҳо мероси илмиву фарҳангии худро эҳё мекунад, балки худро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ муаррифӣ менамояд.

Абуалӣ ибни Сино дар тӯли умри пурбаракати худ беш аз 450 асар таълиф намудааст. Осори ӯ тамоми соҳаҳои донишро дар бар мегиранд, аммо маҳз китоби безаволи “Ал-Қонун фи-т-тиб” ӯро ба яке аз бузургтарин чеҳраҳои таърихи тиб табдил дод. Ин асар дар тӯли чандин аср дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун китоби асосии тиб омӯзонида мешуд ва ба ташаккули илми тиб таъсири амиқ гузошт.

Ибни Сино аввалин нафароне буд, ки аҳамияти пешгирии беморӣ, риояи тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст ва таъсири муҳити зистро ба саломатии инсон аз нигоҳи илмӣ шарҳ дод. Имрӯз бисёре аз ин назарияҳо дар тибби муосир ҳамчун усулҳои пешрафтаи саломатии ҷамъиятӣ истифода мешаванд.

Ӯ дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” менависад, ки табиб бояд на танҳо бемориро, балки худи инсонро табобат намояд. Ин андешаи амиқи инсонмеҳвар имрӯз низ асоси тибби муосирро ташкил медиҳад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз номи Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эҳтироми хоса пос дошта мешавад. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон номи ӯро дорад, ҳамасола рӯзи таваллуди ӯ – 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад ва осори ӯ мавриди омӯзиши амиқи илмӣ қарор дорад.

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб марҳилаи нави муаррифии тамаддуни тоҷикон ва мактаби илмии ниёгони моро дар сатҳи ҷаҳонӣ оғоз менамояд. Ин иқдом бори дигар собит месозад, ки миллати тоҷик соҳиби таърихи бузурги илмӣ буда, имрӯз низ метавонад дар ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният саҳми арзанда гузорад.

Бо итминон метавон гуфт, ки ин ташаббуси таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба рушди илми тиб ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард, балки ҷойгоҳи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фарҳангсоз, маърифатпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.

Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ
ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
ба номи Абуалӣ ибни Сино,
доктори илмҳои тиб, профессор

 


24.05.2026 15

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php