НОМАИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ, ПРОФЕССОР МУҲИДДИН НУРИДДИН ДАВЛАТАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАБИБОН ВА 1045-СОЛАГИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
Ҳамкасбони гиромӣ, устодон ва донишҷӯёни азиз!
Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи табибон ва таҷлили бошукӯҳи 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино-нобиғаи бузурги миллати тоҷик ва ифтихори ҷаҳони башарият самимона табрик менамоям.
Имрӯз мо бо ифтихор ба мероси безаволи илмии Абуалӣ ибни Сино назар меафканем. Ӯ бо осори мондагори хеш, бахусуус “Ал-Қонун фи-т-тиб”, натанҳо пояҳои илмии тибби шарқро устувор намуд, балки бо рушди тибби ҷаҳонӣ низ саҳми арзанда гузошт. Саҳми Ибни Сино дар ташаккули назарияҳои тиб, фалсафа, ахлоқ ба он овард, ки номи ӯ садсолаҳо дар қатори бузургтарин мутафаккирони ҷаҳон боқӣ монад.
Давлати соҳибистиқлол ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҳифзи саломатии ҷомеа ва рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Таҷлили ҷашни 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино дар сатҳи давлатӣ нишони арҷгузорӣ ба шахсияти нобиғаи миллати куҳанбунёди тоҷик ва қадришиносии илмии ӯ мебошад.
Имрӯз ҳар як табиби тоҷик бо такя ба анъанаҳои бузурги Сино ва бо истифода аз дастовардҳои илми муосир вазифадор аст, ки дар роҳи ҳифзи сиҳатии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва таҳкими нуфузи илми тоҷик саҳми арзанда гузорад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба ҳамаи табибон, устодон ва донишҷӯёни гиромӣ саломатии бардавом, саодати рӯзгор, комёбиҳои нав дар фаъолияти илмӣ ва касбӣ таманно менамоям.
Иди касбӣ ва ҷашни 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино муборак бошад!