Нахли пурборе зи боғи илму ирфон рафт....

Нахли пурборе зи боғи илму ирфон рафт....

8–уми августи соли 2019, донишманди шинохтаи тоҷик, номзади илмҳои тиб, профессори фахрии кафедраи урологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Асимов Аслиддин Сайфиддинович аз ҷаҳон даргузашт.

Асимов Аслиддин Сайфиддинович 29-уми январи соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд (Ленинобод) ба дунё омада, пас аз хатми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1959) ба сифати табиб- ҷарроҳи беморхонаи шаҳри Хуҷанд (1959-1963), аспирант ва баъдан ба ҳайси дотсенти кафедраи урологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1973-1996) кор кардааст.

Асимов Аслиддин Сайфиддинович аз соли 1974 то соли 1991 ба ҳайси декани факултети муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 1974-1994, 1998-2010 мудири кафедраи урологияи донишгоҳ, солҳои 1973 -1996 сармутахассиси соҳаи урологияи ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2010 Асимов А.С. ҳамчун профессори фахрии кафедраи урологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни кор карда, дар тарбияи насли табибони ҷавони мамлакат саҳми босазои худро гузоштааст. Хидмат ва нақши профессор дар рушду нумӯи соҳаи урологии Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле бузург аст. Устод Аслиддин Сайфиддинович дар соҳаи тибби тоҷик фаъолияти пурсамаре дошта, муаллифи мақолаю фишурдаҳои зиёди илмӣ ва дастурҳои илмӣ – методӣ   мебошад. Хидматҳои шоёни ин марди илм бо Аълочии тандурустии ИҶШС, духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, бо медали «Собиқадори меҳнат», Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба аҳли хонавода, наздикону пайвандон ва ҳамкорону шогирдони донишманди фарзона, устод Асимов Аслиддин Сайфиддинович изҳори ҳамдардӣ намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди муттаол сабри ҷамил хоҳон аст.

           

Нахли пурборе зи боғи илму ирфон рафт-рафт,

Ошиқи ҳар зарра хоки Тоҷикистон рафт-рафт.

Аз миёни аҳли орифони тоҷик ин саҳар,

Гашта хомӯш як чароғи нурафшон рафт-рафт.

                                       

Раёсати донишгоҳ


08.08.2019     320