НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ ДОРУСОЗӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаи ибтидои рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ва дорусозӣ гардид. Дар ин давраи таърихӣ, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо марҳила ба марҳила дар роҳи эҳё ва рушди дорусозии миллӣ қадамҳои устувор гузошт.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки амнияти доруворӣ яке аз самтҳои муҳими амнияти миллӣ мебошад. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат як қатор барномаҳои давлатӣ барои рушди дорусозӣ таҳия ва амалӣ шуданд. Аз ҷумла:
· Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2021 – 2025, ки ҳадафи асосии он рушди истеҳсоли ватанӣ, беҳтарсозии сифати маҳсулот, ҷалби сармоя ва рақобатпазирии маҳсулоти тоҷикӣ мебошад.
· Пешниҳод ва дастгирии ташкили корхонаҳои дорусозии ватанӣ, ки бо таҷҳизоти муосир таъмин шудаанд.
· Ташвиқи истифодаи гиёҳҳои шифобахши табиӣ, ки Тоҷикистон дар он захираҳои беназир дорад.
Пешвои миллат зимни суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон бояд ба як кишвари истеҳсолкунанда табдил ёбад, на танҳо истеъмолкунанда. Ин ғоя дар самти дорусозӣ низ равшану возеҳ ифода шудааст.
Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, дар муассисаҳои олии таълимии кишвар, аз ҷумла дар МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абeалӣ ибни Сино” шароит барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси фарматсевтӣ ва гузаронидани таҳқиқот дар самти дорусозӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, таъсиси Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст. Мақсади асосии таъсис додани Марказ фароҳам овардани шароит барои ташкил ва гузаронидани раванди таълим, таҷрибаҳои таълимию истеҳсолӣ, корҳои истеҳсолӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва дар сатҳи баланд омӯзонидани маҳорати касбӣ дар шароити Маркази илмию истеҳсолии донишгоҳии соҳавӣ мебошад, ки барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дорои маълумоти олии соҳаи фарматсия ва ҷавобгӯй будани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон дар тӯли зиёда аз се даҳсолаи истиқлол, бо роҳбарии оқилонаи Президенти кишвар, заминаҳои воқеӣ ва устувор барои эҳёи дорусозии миллӣ гузошта шуданд. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки корхонаҳои нави дорусозӣ фаъоланд ва тадриҷан истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ мавқеи худро пайдо мекунад.
Бо чунин роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандона, дур нест, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик на танҳо истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, балки истиқлолияти дорувориро низ ба даст оварад.
Кафедраи технологияи фарматсевтӣ
ба номи профессор Халифаев Д.Р.