МУЛОҚОТ БО САФИР

МУЛОҚОТ БО САФИР
Дар мулоқоте, ки рӯзи 10 январ ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. бо сафири фавқулодда ва мухтори Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар баргузор намуд, дурнамои ҳамкориҳои мутақобилаи судманди донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти мулоқот ҷаноби Имрон Ҳайдар ҳавасмандии ҷониби Покистонро барои таҳсили шаҳрвандони ин кишвар дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино иброз намуда, изҳор доштанд, ки таваҷҷуҳи шаҳрвандони Покистон ҷиҳати таҳсил дар ин донишгоҳи олии тиббӣ сол аз сол меафзояд.
Ректори донишгоҳ, профессор М.Қ.Гулзода зимни мулоқот иброз дошт, ки дар донишгоҳ солҳои охир барои таҳсил ва зисти шаҳрвандони хориҷӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва аз соли таҳсили оянда донишгоҳ омода аст, ки як қисм шаҳрвандони ин кишварро ба таҳсилоти олии тиббӣ фаро гирад.
Суҳбат дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, тарафҳо барои дар оянда боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳои мутақобила ба тавофуқ расиданд.

10.01.2020 175