Мактаби зимистонаи тиббӣ «Ҳолати функсионалӣ ва имкониятҳои танзимкунандагӣ- мутобиқшавии организми инсон»

Мактаби зимистонаи тиббӣ «Ҳолати функсионалӣ ва имкониятҳои танзимкунандагӣ- мутобиқшавии организми инсон»

12 январи соли 2021 дар таърихи ҳамкориҳои мо бо Академияи давлатии тиббии Ижевски Вазорати тандурустии Федератсияи Россия қадами нав гузошта шуд, ки ин ҳам ташкил ва баргузории аввалин мактаби зимистонаи тиббӣ «Ҳолати функсионалӣ ва имкониятҳои танзимкунандагӣ- мутобиқшавии организми инсон» аст, ки дар реҷаи онлайн дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба сурат мегирад.

Дар оғози ин чорабинӣ ректори АДТИ, д.и.т., профессор Шкляев А.Е. суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо оғози ҳамкориҳои нав табрик намуд. Баъдан проректори МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» оид ба илм ва нашрия д.и.т., профессор Муҳаббатов Ҷ. Қ. сухан карданд. Номбурда аз номи ректори МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», д.и.т., профессор Гулзода М. Қ. иштирокчиёни чорабиниро шодбошӣ гуфта, муҳиммияти масъаларо таъкид карданд.

Дар рӯзи аввал 3 лексия ба нақша гирифта шуда буд, ки аз тарафи кормандони физиологияи нормалии Академияи давлатии тиббии Ижевски Вазорати тандурустии Федератсияи Россия пешниҳод карда мешаванд.

Дар чорабинии мазкур кормандон ва донишҷӯёни кафедраҳои физиологияи нормалӣ, физиологияи патологӣ ва офталмологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» иштирок мекунанд.

Тибқи барнома Мактаби зимистона то 16.01 с. 2021 идома меёбад.


10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
13.01.2021 127